Дар ҷаҳони муосир кишварҳо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар шаклҳои гуногун муттаҳидиро ба вуҷуд меоранд, зеро бидуни иттиҳод, пешрафт дар олами зудтағйирёбанда ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, давлатҳои минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистон барои таъмини рушди устувор ва таҳкими робитаҳои судманди бисёрҷониба, дар соли 2001 Созмони Ҳамкории Шанхайро таъсис доданд. Аз рӯзи ташкилшавии созмон ҳамкориҳои судманд, дӯстии самимӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва ҳамҷаворӣ дар авлавияти сиёсати он қарор доранд. Инчунин, СҲШ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ба як неруи ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Созмони Ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввал ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа диққати аввалиндараҷа дода, дар ин самт чораҳои муассир меандешад. Зеро таҳдиду хатарҳои нав рӯз то рӯз афзоиш ёфта, барои давлатҳои аъзои созмон мушкилиҳои нав ба навро эҷод менамояд. СҲШ бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир муқовимати самаранок бурда, тавонист, ки эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба даст орад. Яке аз паҳлуҳои меҳварии фаъолияти созмон мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ мебошад ва барои муборизаи самаранок бо ин падидаҳо ниҳоди алоҳида, яъне Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (СМЗТ), ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошканди Узбекистон аст, аз соли 2004 то ба ҳол фаъолият менамояд.
Фаъолияти СМЗТ нишон дод, ки тасмим барои ташкили чунин сохтор саривақтӣ ва ниёзи замон будааст. Инчунин, дар самти мубориза бо терроризму экстремизм натиҷаҳои мусбат ба чашм мехӯранд. Масалан, то имрӯз аз ҷониби СМЗТ беш аз 2300 сомонаҳои марбути ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ муайян карда шуда ва зиёда аз 45000 маводҳои видеои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ дошта дарёфт ва нест карда шуданд. Ҳамчунин, садҳо афроди марбут ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ дастгир ва даҳҳо паногоҳҳои террористон ошкор ва нест карда шуданд. Барои дар ҳолати омодабош ва қавӣ будани СМЗТ дар ду сол як маротиба тамрини “Мирная миссия” гузаронида мешавад. Солҳои 2009 дар шаҳри Норак ва соли 2012 дар вилояти Суғди Тоҷикистон машқҳои “Мирная миссия” баргузор гардидаанд. Имрӯз метавон гуфт, ки СҲШ макони ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак баҳри фардои нек гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки давлатҳои узви СҲШ на танҳо дар самти амният, балки иқтисоду тиҷорат низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд. Ҳаҷми иқтисодии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз 20 триллион долларро ташкил медиҳад ва зиёда аз 25 дарсади маҷмуи маҳсулоти нохолиси дунё ба давлатҳои аъзои созмон марбут мебошад.
Дар доираи созмони мазкур ҳамеша талош бар он равона шуда истодааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ амиқтар гардад. Чунонеки равандҳо нишон медиҳанд, дурнамои рушди фарогири иқтисодӣ дар доираи созмон таъмин аст ва дар ин самт робитаҳои боъэтимод ва дӯстона ҷой дорад. Имрӯзҳо кӯшиш шуда истодааст, ки системаи ягонаи молиявии СҲШ таъсис дода шавад. Ногуфта намонад, ки созмон тавонмандиҳои бисёр барои ҳамкориҳои иқтисодии минтақавиро доро мебошад.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол Созмони Ҳамкории Шанхай созмони пурнуфуз на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Созмони мазкур дар байни дигар ташкилоту созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мақому манзалати худро дар муддати кутоҳ пайдо намуд. СҲШ дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба як платформаи муассир ва боэътимод байни фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун гардидааст. Яъне созмони мазкур дар натиҷаи фаъолияти пурсамар шаклҳои нави ҳамгироиро ба вуҷуд овардааст.
Агар ба Хартияи Созмони Ҳамкории Шанхай назар андозем, рӯшан мегардад, ки дар маҳдудаи он нисбат ба дигар созмонҳо гуногунрангии фарҳангӣ бештар ва тамаддунҳои гуногуни қавӣ дар он ҳузур доранд. Яъне аз тамаддуни чинӣ то тамаддуни ҳиндӣ ва славяниву форсиро дар бар мегирад ва тамаддуни мисрӣ дар роҳи ҳамроҳшавӣ мебошад. Муҳимтар он аст, ки эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо дар дохили созмон ҷой дорад ва барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд муфид буда, ҳамбастагӣ байни миллатҳоро ба вуҷуд оварда, қавӣ мегардонад. Қобили зикр аст, ки СҲШ 40 дарсад аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Дигар ҳамчун созмоне вуҷуд надорад, ки то ин ҳад тамаддунҳои бузургро фаро гирифта, ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо дар он ҷой дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкориҳои илмӣ ва гуманитарӣ давра ба давра рушд ёфта истодаанд. Кишварҳои узв низ барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ дар доираи созмон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар соли 2017 Созишнома оид ба таъсиси донишгоҳи СҲШ миёни Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон ба имзо расид. Имрӯз беш аз 82 донишгоҳу донишкада дар ҳайати Донишгоҳи созмон дохил мебошад ва аз рӯйи ихтисосҳои минтақашиносӣ, энергетика, нанотехнология, IT-технология ва дигар ихтисосҳо кадрҳоро омода мекунанд. Масалан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳо дохиланд. Инчунин, ҳамкориҳо дар бахши тадқиқоти илмӣ байни марказҳои зеҳнии кишварҳои узв ба таври бесобиқа рушд карда истодааст.
Дар доираи Форум тамоми зерсохторҳои лозимӣ барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа мавҷуд мебошад. Илова ба сохторҳои расмии Созмон дипломатияи мардумӣ низ дар сатҳи кишварҳои ҳавзаи СҲШ хеле рушд кардааст, ки яке аз мисолҳои равшани он Форуми марказҳои зеҳнии Созмон мебошад. Аз соли 2006 то ба ҳол Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай фаъол аст, ки аз ҷониби марказҳои зеҳнии кишварҳои узв ҳар сол дар ин ё он давлат баргузор мегардад ва дар тақвияти созмон нақши бориз мегузорад. Форуми мазкур 22-23 майи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чуноне ки аз рафти чорабинӣ маълум гардид, иштирокдорон ҷонибдори робитаҳои танготанг ва ҳамкории бештар дар доираи СҲШ ҳастанд. Зеро хатару таҳдидҳои ғайрианъанавӣ ва вазъи пешгӯйинашавандаву зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир кишварҳоро водор месозад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои гуногун тақвият диҳанд. Инчунин, аз рафти ҳамоиш комилан аён гардид, ки созмони мазкур ба сатҳи баланди рушд расида ва тавонистааст миёни тарафҳо муколамаи созандаро ба вуҷуд биёрад.
Бояд таъкид намуд, ки бори аввал ғояи таъсиси СҲШ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби “Панҷгонаи Шанхай” якдилона қабул гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмон ҳамеша ташаббусҳои мушаххас ироа менамоянд. Саҳми Тоҷикистон, хусусан, Пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат дар таҳким ва тавсеаи СҲШ бениҳоят зиёд мебошад ва зарурат аст ёдоварӣ намоям, ки ҳамеша масъалаи тавсеа ёфтани ҳудуди СҲШ дар давраи роҳбарии Тоҷикистон масъалагузорӣ шудааст. Масалан, соли 2014 дар шаҳри Душанбе тартиби қабули узв баррасӣ ва тасдиқ гардид, ки соли 2017 аъзои нав-Ҳиндустон ва Покистон ба созмон пазируфта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки кишварҳои узв кӯшиши Тоҷикистонро барои пешрафт ва тавсеаи созмон тавсиф менамоянд. Ҳамчунин, иброз медоранд, ки ҷониби Тоҷикистон дар рушди СҲШ саҳми назаррас дорад. Ин эътироф баёнгари он аст, ки Тоҷикистон воқеан кишвари ташаббускор ва пешниҳодҳояш муҳим мебошанд.
Хулоса, СҲШ имрӯз созмони бонуфуз дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда ва фазои он макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гардидааст. Имрӯз СҲШ яке аз намунаҳои муваффақи эътилофҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, хоҳиши пайвастани кишварҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба Созмон аз он шаҳодат медиҳад, ки нуфузи созмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷиддӣ қабул карда шуда, давлатҳо ояндаи дурахшонро дар он мебинанд ва онро ҳамчун неруи азим эътироф мекунанд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон