Дар ҷаҳони муосир созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими муносибатҳои байни давлатӣ нақш ва мақоми хеле муҳим доранд. Созмонҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овардаанд, ки давлатҳо манфиатҳои миллии худро дар доираи як система дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намоянд. Агар ба таърихи ташаккули созмонҳои байналмилалӣ нигарем, маълум мегардад, ки давлатҳо маҳз бо назардошти талаботу манфиатҳо, татбиқ ва ҳимояи онҳо дар доираи созмонҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ин бар меояд, ки имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ мавҷуданд, ки доираи васеъи давлатҳоро фаро гирифта, дар ҳалли мушкилотҳои гуногун бевосита нақши худро мегузоранд.

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалие мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад. СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногун аз нуқтаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳоро роҳандозӣ намуда, кишварҳои минтақаи Осиёро муттаҳид сохтааст. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Осиё давлатҳои мустақиле ба вуҷуд омаданд, ки ҳар яке аз онҳо манфиатҳои миллии худро доштанд ва зарурати ҳимояи манфиатҳо ва таъмини амнияти давлатҳо дар мади аввал меистод.

Фаъолияти минбаъдаи СҲШ нишон дод, ки ин созмон тавонист на танҳо ба ҳаллу фасли масъалаҳоро бомуваффақият шурӯъ кунад, балки ба сохторе табдил ёбад, ки дар фазои сиёсии байналмилалӣ мавқеи мустаҳкамро соҳиб бошад. Маҳз ташкили СҲШ муносибатҳои минтақавиро мустаҳкам намуда, робитаҳои навро миёни давлатҳо ба миён овардааст. Созмон, ки дорои қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, давлатҳои аъзои он дар самти густариши фарҳанг, илму маориф, муҳити зисту экология, масъалаҳои энергетика ва об, таъмини сулҳу субот дар минтақа, такмили рушд демократия ва самтҳои дигар ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.

Дар доираи созмон нақшаҳои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул карда шуданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба гардиши озоди молҳо, хидматҳо ва технологияҳо байни ҳамаи давлатҳои узв мебошад. Ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, тандурустӣ, агросаноатӣ ва дигар соҳаҳо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ мебошад, дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ (дар солҳои 2006, 2010 ва 2018) ва Шӯрои сарони давлатҳо (солҳои 2008, 2014 ва 2021) раёсатро ба уҳда дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди ҳамкориҳои судманд дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин зикр шудааст: «Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боваринок ва дӯстона байни давлатҳои узв ва нозири созмони мазкур, инчунин, таъмини амнияту оромӣ, сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад».

Илова бар ин, сиёсати хориҷии давлат, вобаста ба таъмини иштироки кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, барномарезӣ шудааст. Чунин сиёсати пешгирифташуда, ки дар таъмини амният ва сулҳу осоиштагӣ, муносибатҳои самарабахш ва ҳамкориҳои судманд, саҳми арзандаи худро гузошта, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баҳри таъмини рушди устувори кишвар ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ пайравӣ менамоем.

Мо ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши СҲШ дар тавсеа ва густариши робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии  минтақавӣ мебошем.

Қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2020 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буд. Иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Соли 2021 аз таъсис ёфтани СҲШ бист сол пурра гардид, ки тамоми сокинони ҷаҳон чорабиниҳои бошукӯҳи ҷашниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушоҳида намуда буданд.

Тайи бист соли фаъолияти худ дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ СҲШ ҳамчун, созмони муассир эътироф шуда, дар ҷаҳони босуръат рушдкунанда, мақоми хосса ва эътибори бузург ба даст овардааст.

Фаъолияти СҲШ тасдиқ мекунад, ки ин созмон заминаи арзанда ва бонуфуз барои муҳокима ва ҳаллу фасли мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим мебошад.

Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ на танҳо анъанаҳои қаблиро ҳифз, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миён ояндаи дорои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо намоянд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи раёсат дар СҲШ баҳри таъмини амнияти минтақа, оромию осоиштагӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ саҳми назарраси худро дар ҳавзаи созмон гузошт.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун ниҳоди минтақавии байналмилалии фаъол ва муассир мавқеи худро вобаста аз вазъи сиёсии ҷаҳон устувор сохта, сиёсати худро мутобиқи талаботи замон такмил ва роҳандозӣ намуда, дар ин замина пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад!

 

 Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,
мутахасиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед