Имрӯзҳо ватани маҳбуби мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои муҳим ва давлатсоз, яъне 27 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 27 сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории миллии мо гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ ва заминаи муҳими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, меъёрҳои бунёдӣ ва муҳимми ташаккулу рушди ҷомеаи демократиро дар худ фаро гирифтааст.

Қабули Конститутсия ва оғози давраи навини давлатсозиву давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди мамлакат ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушодем.

Дар зарфи 27 сол корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро анҷом дода, дар шоҳроҳи таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ роҳи дурусти бунёдгузории давлати миллии худро пайдо намудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин падидаи муҳимро таъкид менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва омили бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: «Маҳз Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Бояд қайд намуд, ки ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Воқеан, дар радифи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин ҳуҷҷати бунёдии кишвари мост, ки дар заминаи он тамоми шохаҳои асосии давлатдорӣ ва самтҳои авлавиятноки он, унсурҳои ҳуқуқӣ ва кафолатҳои усулии ҳаёти шаҳрвандон ташаккул ёфтаанд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ агар зарурати қабули Конститутсияи миллии муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдорӣ, зарурат ва муҳимияти қабули он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни суханронии худ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, аз ҷумла иброз дошта буданд: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Дар натиҷаи қабули Конститутсия дар мамлакат раванди ислоҳоти усулии бунёдиву фарогири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки дар заминаи он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба танзим дароварда шуд.

Бояд зикр намуд, ки ҳеҷ як ҷомеа ва давлат бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи амиқи инкишоф рушд карда наметавонад. Бинобар ин, Конститутсия ҳуҷҷати муқаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба суи ояндаи онро мунаввар месозад.

Ҷойгоҳи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамҷун арзиши олӣ бевосита дар сатҳи Конститутсия эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон буда, таҷассумгари пайванди ҳуҷҷатҳои заминавии байналмилалӣ, махсусан Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи башар ба қонунгузоии миллии мо аст. Ҳамҷунин, дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст. Ин бахш, махсусан дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас зикр гардидааст, ки чунин омадааст; “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамоянд”.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт ва ба принсипи эътирофшудаи байналмилалии иснондӯстӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ аз соли 2004 инҷониб дар кишвар татбиқи ҷазои қатл боздошт шуд.

Боиси тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати шахшуда набуда, бо тақозои вақту замон такмил дода мешавад. То ҳол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаботи вақту замон ва рушди давлатдории миллӣ 3 маротиба иловаҳоро ба худ пазируфт.

Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003, ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ  ворид карда шудаанд, ки дар натиҷа  ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.

Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Конститутсия омили асосии рушди устувори ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошад, яъне дар заминаи ҳамин санади сарнавиштсоз ва фарогир мардуми шарифи тоҷик ба сулҳу субот ва ба ваҳдати комил ноил гардидаанд.

Шоҳиди ин гуфтаҳо тағйиру иловаҳои, соли 2016 ба Конститутсия воридгардида, шуда метавонанд. Яке аз нуктаҳои калидие, ки дар ин тағйирот ворид гардид, пеш аз ҳама, бо мақсади ба ҳокимият ва шохаҳои гуногуни он роҳ додани ҷавонон буд.

Вобаста ба ин, бояд тазаккур дошт, ки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо ҳифзи ин дастоварди бебаҳои таърихӣ буда, бояд бо заҳмати содиқонаву софдилона ояндаи дурахшони ватанамонро таъмин намоем.

Маҳз натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор аст ва мардуми бошарафи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ саъю талош менамоянд.

Исмоилов С.Р.
Сармутахассиси
Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед