Тоҷикистон аз рӯзи аввали бадастории истиқлолияти давлатӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Кишвари мо сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар асоси манфиатҳои миллӣ, пешбурди муносибатҳои дуҷониба, манфиатҳои мутақобила ва ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Дар қатори дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон давлати мо низ узви ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, ИДМ, СҲИ, МҲТБО ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад. Яке аз чунин ташкилотҳо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ – минтақавӣ буда, 15 – уми майи соли 1992 таъсис дода шудааст. Созмони номбурда, ҳарбӣ–сиёсӣ буда, дорои самтгирии мудофиавӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки СААД дар асоси эҳтироми қатъии истиқлолият,  иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои узвро амалӣ менамояд. Ташкилот таҳкими сулҳу субот, амният дар ҷаҳон ва минтақа, тамомияти арзиро ҳадафи асосии худ мешуморад. Кишварҳои узви Созмон мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбат ба мушкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ равона карда, баҳри бартараф кардани он мушкилотҳо саъю кӯшишҳо мекунанд. Инчунин, дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи яроқу аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва терроризму экстримизм, ки тамоми ҷаҳонро иҳота кардааст, равона месозанд, то ки чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвар – муассиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар тӯли таърихи фаъолияти Созмон барои густаришёбӣ ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти СААД саҳми арзанда гузоштааст.  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмон дар қатори дигар давлатҳои узв, таҳким ва густариши амнияти милливу давлатиро яке аз мақсади асосии самти сиёсати хориҷии худ меҳисобад. Яке аз ҳадафҳои фаъолияти Тоҷикистон дар заминаи ин Созмон муборизаи самарабахш бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, узвияти давлати мо дар СААД аз омилҳои муҳими амнияти кишвар ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ба шумор меравад.

Дар ин замина муносибатҳо бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), машварату ҳамкориҳои самарабахш ва тадбирҳои боварӣ дар минтақа афзалият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои узв, иқтидори онҳо ва такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад.

Дар вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавҷудияти СААД омили муҳими сулҳу суббот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои узв мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чаҳорчубаи ташкилот имкон фароҳам меорад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбию сиёсӣ ҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастаҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Зеро мавқеи ягонаи кишварҳои узв нисбати вазъи ҷаҳони имрӯза, ба нигарониҳои умумӣ аз таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пояи сиёсии СААД – ро ташкил медиҳанд.

Кишвари мо ҳамкории фарогирро бо дигар кишварҳои узви ташкилоти мазкур ҷиҳати таҳкими амнияти миллию минтақавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияти  худро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) қобили қабул ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ меҳисобад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ манфиатдор ба он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.

 

 

 

Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,
мутахасcиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед