Таърих гувоҳ аст, ки занон дар давру замонҳои гуногун нақши муҳим дар сиёсати бузургро доранд. Занон ҳамеша дар раванди сиёсати бузург қарор доштанд ва таъсиргузор ҳам буданд. Мақоми занон на танҳо имрӯз, балки дар давлатдории пешини миллати тоҷик ва муборизаҳои қаҳрамононаи халқ низ дорои ҷойгоҳи шоиста буда, аз ҳуқуқи моликияту ирс бархурдор буданд ва дар сохторҳои давлатӣ ҳам кору фаъолият мекарданд.
Занон дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз барои миллату давлат нақши ҳалкунандаро бозидаанд. Метавон дар симои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робияи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Ходими Ҷамолак, Розия Озод зани нексиришт ва ватандӯсти тоҷикро дид.
Мавриди зикр аст, ки дар давлати Ҳахоманишиён занон нақш ва мақоми хос доштанд, инчунин, дар сатҳи роҳбарӣ кору фаъолият менамуданд. Занҳои диловар ва фидокору ватандӯст дар даврони Ҳахоманишиён ба монанди Данёк, Ҳумо, Ортимис ва дигарон ҷойгоҳи сазовор доштанд. Онҳо дар сиёсати бузурги ҳамонвақта таъсиргузор ҳам буданд. Ин се зани далеру шуҷоъ ва меҳандӯст дар сатҳи фармондеҳии артиш хизмат мекарданд. Зани дигар Понтео роҳбари горди ҷовидон буд ва аз эҳтироми хосаи лашкариён бархурдор буд.
Ҳамзамон, худи духтари Дорои III Истотӣ неруҳои ҷангиро фармондеҳӣ мекардааст. Ҳеродот дар асари худ аз ҷасорату диловарии занони форсу тоҷик ба некӣ ёдовар шуда, аз забони Хушоёршоҳи ҳахоманишӣ чунин меорад, ки “Эй кош, мардони эронӣ ба андозаи Ортимис шуҷоат медоштанд”. Яъне овозаи шуҷоату диловарии занони форсу тоҷик ҷаҳони онрӯзаро фаро гирифта, ҳамчунин, дар сиёсати давлатӣ нақши онҳо калон будааст.
Дар даврони Сосониён бошад, малика Бурондухт ҳамчун шоҳ фаъолият карда, эҳтироми хосу омро ба даст оварда буд. Мардум ва руҳониёни даврони сосонӣ ба ӯ иҷозати роҳбарии кишварро дода буданд. Маҳз ин масъала бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки зан дар он давра аз эътимоду эҳтироми хос бархӯрдор будааст.
Инчунин, ҳудуди ҳукумати Бурондухт дар қиёс ба ҷаҳони имрӯз зиёда аз 10 кишвари осиёиро фаро мегирифт. Қобили зикр аст, ки гузаштагони тоҷикон барои эҳтиром ва гиромидошти зан-модар ҷашни Спандормуз (муждагирон) доштанд, ки моҳҳои феврал-март ҷашн гирифта мешуданд ва ин аз мақом ва мартабаи баланди занон хабар медиҳад. Ҷашни дигар, ки дар сарчашмаҳо аз он ёд шудааст, иди Исфандгон ё рӯзи Исфандгон аст. Чи тавре, ки ба назар мерасад, занмеҳварӣ ва зансолорӣ дар фарҳанги тоҷикон таърихи қадимаро доро мебошад ва зан-модар ҳамеша дар радифи Ватан қарор дошта ва дорад, ки ин дар ашъори бузургони тоҷик ба хубӣ нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар ашъори Абурайҳони Берунӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ва дигар шоирону нависандагон мақом ва мартабаи зан-модар дар сатҳи баланд тасвир мегардад. Инчунин, дар Тахти Ҷамшед низ дар бораи зан-модар навиштаҷотҳо мавҷуданд.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) корнамоиҳои занони диловари тоҷик бемислу монанд мебошад, ки 32 ҳазор зани тоҷик ба фронт сафарбар шуда буданд. Онҳо аз худ диловарӣ, ҷасорату матонат нишон дода, номи зани тоҷикро дар саҳифаҳои таърихи навин ба некӣ ва ҷасорат сабт карданд. Корнамоии Ойгул Мамадҷононва то имрӯз ҳамчун намунаи беҳтарини ҷасорат ва шуҷоати зани тоҷик дар ҶБВ мебошанд.
Дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ низ нақши зани тоҷик бараъло мушоҳида мегардад. Масалан, Низорамоҳ Зарифова то сатҳи муовини раиси Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон кор карда, дар раванди сиёсати бузург таъсир гузоштааст. Инчунин, дар соҳаи меҳнат дар баробари мардон, занони тоҷик ҳам қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардида буданд. Аз ҷумлаи чунин занҳо, Гавҳарбӣ Пиракова мебошад, ки соли 1965 Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардидааст.
Баъди соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мақом ва мартабаи занро гиромӣ дошта, соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ҳуқуқҳои кӯдакон”-ро эътироф намудааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар пешбурди сиёсати давлатӣ муҳим арзёбӣ мекунанд ва таъкид медоранд, ки нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ бузург мебошад. Аз ин рӯ, “занҳоро нигини пурҷилои тоҷи миллат” мегӯянд. Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро ҷунбонда метавонад, ки бидуни шак, ин дасти модар аст.
Зан – модар бояд соҳибмаърифату соҳибхирад бошад, ин ба нафъи ҷомеа буда, ба фазои фикрии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад ва фазои якдигарфаҳмиро ба вуҷуд меорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ занҳо дар баробари мардон ҷаҳду талош намуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ нақши боризи худро гузошта истодаанд. Зан – модари тоҷик дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ мақоми хосро доро буда, дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ саҳми арзишманд доранд. Имрӯз занон дар баробари мардон дар сатҳи роҳбарӣ низ фаъолият карда истодаад.
Имрӯз метавон бо боварии комил гуфт, ки зан – модари тоҷик бо нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона, азму ниятҳои нек, инсонмеҳварӣ, меҳрварзӣ, самимият, сабру тамкин, таҳаммулпазирию бунёдкорӣ, соҳибхираду озодандешӣ ҷомеаро раҳнамоӣ карда метавонад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ