Боиси хушнудист, ки бо қарори Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврали соли 2022 барои гузоштани саҳми муносиб дар тарғиб ва таҳқиқи масъалаҳои рушди СҲШ бо Медали ҷашнии “20 солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадрдонӣ гардиданд.

Дар фазои тантанавӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Марказ Усмонзода Хайриддин Усмон мукофотҳои мазкурро аз номи Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ба Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон ва Ҷурахонзода Саодати Хурсанд – муовинони директори Марказ, инчунин сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Ҳидоятзода Комрони Ҷамолидин ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Холиқов Бахтиёр Холиқович тақдим намуд.

Хотиррасон менамоем, ки бо қарори кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти марказҳои зеҳнии СҲШ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорони худро бо ин дастоварди муҳим табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмиашон комёбиҳои нав ба навро орзуманд аст.

Хадамоти матбуоти МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед