Чунонки аз таърих маълум аст, дар асрҳои VI-IV мелодӣ дар шаҳрҳои Юнони қадим ду низоми мактабдорӣ вуҷуд дошт, ки бо номҳои Спарта ва Афина машҳур буданд. Таълиму тарбияи спартанӣ бо мақсади омодасозии шахсони қавиирода ва ба давлат содиқ нигаронида шуда, асосан дар чунин мактабҳо ҷанговаронро тайёр мекарданд. Таҳсилоти афинагӣ бошад, ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба, пеш аз ҳама аз ҷиҳати ақлонӣ ва фарҳангӣ рушдёфта равона шуда, баръакси мактаби Спарта на ба дуруштӣ, балки ба санъату ҳунар ва ақида дар бораи мустақилияти шахсӣ такя мекард.

Дар даврони қадим дар кишварҳои тоҷикнишин – Ориёни бостонӣ низ таълиму тарбия ба мақсадҳои нек равона гардида буд, вале он ҳар ду принсип – ҳам спартанӣ ва ҳам афинагиро фаро гирифта, се ҳадафи асосӣ дошт: хидмат ба волидайн, қабила ва ҷомеаи худ; хуб намудани шароити зиндагӣ; саъю кӯшиш барои афзалият пайдо кардан нисбат ба дигарон. Ба ибораи дигар, гирифтани дониш, касбу ҳунар ва камолоти ҷисмонӣ дар мавзунии тамом бо ҳамдигар чун ҷузви муҳимми таълиму тарбияи ниёгони мо ба ҳисоб мерафт.

Дар аҳди Ҳахоманишиҳо (705-330 то мелод) бошад, дар Ориёни бостонӣ дар соҳаи таълиму тарбия ҳадафҳои зерин гузошта мешуданд: омода сохтани наслҳои ҷавон барои ҳаёти мустақил ва идоракунии давлат; такомули қобилиятҳои ақлонӣ ва ҷисмонии шахсият; таҳсилоти касбии ҷавонон; тарбияи ватандӯстӣ тавассути омӯзиши санъати ҳарбӣ ва машғул шудан ба тамринҳои гуногуни варзишӣ.

Ниёгони мо ҳамеша машғулӣ ба варзишро як ҷузви ахлоқ донистаанд, зеро инсони комил барои онҳо ҷавонмарде ҳисоб мешуд, ки ҳам ахлоқи ҳамида дорад ва ҳам нерӯву бозуи тавоно. Ниёгонамон варзишро чун олати муҳимми тарбияи ахлоқӣ бо он сабаб мешумурданд, ки аз нуқтаи назари онҳо одамони нерӯманду тавоно дар аксарияти кулли ҳолатҳо шахсони накӯкоранд. Чунин шахсиятро ниёгонамон ҷавонмард ном мегирифтанд.

Оид ба одоби ҷавонмардӣ дар «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ омадааст, ки ҷавонмардон дар афкорашон аз ҳама муҳим  ва муқаддас  озодӣ ва ободии ватанро медонистанд. Ҷавонмард, дар маҷмӯъ,  аз нуқтаи назари ин мутафаккир, ҳар чӣ мегӯяд, иҷро менамояд, ҳаргиз ба ростӣ муқовимат намекунад ва пурсабру пуртоқат аст. Ҳамчунин, далерӣ, хушсуханӣ ва амсоли он низ аз хислатҳои ҷавонмардон буда, онҳо бо ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ аз дигарон тафовут доранд.

Дар «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ  ба тарбияи ҷисмонии ҷавонмардон, махсусан аз худ кардани навъҳои муҳимтарини варзиш, ки барои ҳифзи хештан ва марзу буми ватани худ ба инсон заруранд, таваҷҷуҳи хоссае карда шудааст. Аз ҷумла, ҳунари гӯштингириро муаллифи асар шарти адабу ахлоқ донистааст.  Тавонистани гурзандозӣ низ барои Ҳусайн Воизи Кошифӣ  як пояи ахлоқ аст. Санъати камонварӣ ҳам аз шарти одоби ҷавонмард буда, дар «Футувватномаи султонӣ» ба он таваҷҷӯҳи зиёд равона гардидааст.

Маҳз ҳамин воситаҳои таълиму тарбия, яъне гирифтани дониш, касбу ҳунар ва камолоти ҷисмонӣ дар мавзунӣ бо ҳамдигар буд, ки ниёгони мо ҷавонони шоистаро ба воя расонида, дар ҳама ҳолатҳо, бо суханони Абулқосими Фирдавсӣ, дилпурона эълом медоштанд:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор -
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи ба
ҳри бару буму пайванди хеш,
Зану к
ӯдаку хурду фарзанди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он бе
ҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Боиси хурсандист, ки Артиши миллии мо, ки номбардори чунин шахсиятҳо ва ахлоқи ҷавонмардии ниёгон аст, дар сафҳои худ имрӯз низ ҷавонони ғайюру шоистаи корзорро муттаҳид сохтааст. Ва эътимоди комил дорем, ки ҳамаи онҳо дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон доданд, сарбаландона саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд: “Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст. Тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлати худ, рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда, ҳамчун афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ватан – Модар содиқона хизмат карда истодаанд. Имрӯз низ ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд”. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ табрику муборакбод гуфта, парвариши эҳсоси баланди ватандӯстиро дар қалбҳояшон тавассути иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, омӯзиши санъати ҳарбӣ, машғул шудан ба тамринҳои варзишӣ ва пайравӣ аз ахлоқи ҳамидаи ниёгонамон таманно менамоем!

Хуршед Зиёӣ,

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед