«Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Айни ҳол инсоният шоҳиди таҳаввулоти ҷидди гардида истодааст. Тайғиротҳои босуръат дар ҷаҳон, афзоиши хатари тероризм ва экстремизм, ҷаҳонишавӣ ва равандҳои манфии он ба инсон, ворид гардидани фарҳанги бегона, муборизаю ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайра, ки ба зеҳн ва ҳаёти мардум таъсиргузоранд. Дигаргунҳои мазкур дар мадди аввал, новобаста аз майлу хоҳиши ҳар инсон, таъсири хешро ба ҷаҳонбинӣ ва зеҳну тафаккури мо мерасонад. Дар ин раванд яке аз қишрҳои осебпазир дар ҳар як давлат маҳз ҷавононанд. Дар Тоҷикистон ҷавонон захираи бузурги инсонӣ буда, аксари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Дар баробари дигар омилҳо захираҳои инсонӣ низ барои рушд аввалин дараҷа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба таҳаввулоти болозикр масъалаи баланд бардоштани фаҳмиш ва ҷаҳонбинии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад, арҷгузорӣ, боло бурдани сатҳи саводнокии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон беш аз ҳарвақта ҳис гардида, дарки дурусти равандҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҷавонони мо фаҳмиши баландро талаб менамояд. Дар ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаи тарбияи миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон мақоми барҷаста касб намудааст. Бо мақсади кам кардани таъсири манфии хатарҳои иттилоотӣ ва арзишҳои бегона ба зеҳни ҷавонон, ба роҳ мондани машғулиятҳои гуногуни таблиғи дастовардҳои давлатдории миллӣ, тарзи дурусти истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаккули фарҳанги истифодаи самараноки вақт хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон на танҳо ба рушди устувори кишвар замина мегузорад, балки барои рушди давлатдориии миллӣ таблиғи сиёсати давлату ҳукумати мамлакат, рағбат ба таблиғи фарҳанги миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дигар унсурҳо поягузор мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушд ва дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Яке аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар самти тақвияти сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни махсус ва санадҳои меъёрии-ҳуқуқӣ мебошад. Дар кишвар ҳануз соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд. Қонуни мазкур аз 5 боб, 33 модда иборат буда, масъалаи вобаста ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавононро дар бар мегирад. «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар мамлакат қабул ва татбиқ гардидани рушди ҷавононро таъмин менамояд.
Воқеъиятҳои технологии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҷавонон дар баробари фаъолияти босамари хеш ҳамчунин, осебпазир мебошанд.
Дар кишвари мо қисми зиёди аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа ва кишвар таъкид медоранд.
Тавре дар Паёми солонаи худ аз 23.12.2022 зикр намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.”
Чуноне зикр намудем яке аз нишонаҳои возеҳи таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба насли ҷавон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» маҳсуб мегардад. Қонуни мазкур аз 5 боб, 33 модда иборат мебошад, ки соли 2004 қабул ва бори охир 23 декабри соли 2021 ба он тағйирот ворид гардидааст. Агар моҳияти ин қонунро таҳлил карда бароем ба мо аён мегардад, ки дар ин ҷо аҳаммияти аввалиндараҷа ба ҷавонони мамлакат нигаронида шудааст. Дар моддаи 3-и Қонуни мазкур вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон оварда шудааст, ки тарбияи шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад. Нақши ҳувияти миллӣ дар шароити кунунӣ басо амиқ ва якуминдараҷа мебошад.
Дар таърихи 18 июли соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мулоқоти пайвастаи Пешвои Миллат бо ҷавонони мамлакат боз ҳам руҳбаландӣ ато мекунад. Таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавони кишвар дастгирии дигари ҷавонон мебошад.
Бо дарназардошти ташаккули ҳувияти миллӣ ва худогоҳии ҷавонон соли 2017 дар кишвар “Соли ҷавонон” эълон гардид. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷавонони болаёқатро дастгирӣ карда, барои таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021, вобаста ба масъалаи мазкур оварда шудааст: “Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.”
Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар дар касбу кори гуногун фаъолият дошта, дар рушди Ватани азизамон саҳми бағоят бузург гузошта истодаанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ақидаҳои худро доир ба ватану ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар масоил иброз менамоянд, ин бешак гувоҳӣ он аст, ки ҷавонон дар зеҳн ифтихор аз ватану ватандорӣ доранд.
Ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳисси баланди ватандорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста онро бо сари баланд ба анҷом мерасонанд. Имрӯзҳо ҳар ҷавони худогоҳ ва ватандӯсти ин кишвар дарк менамояд, ки хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҷавонмардӣ буда, масъулияти баландро талаб менамояд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯзҳо ҷавонони мо бо руҳияи баланди ватандӯстӣ вазифаҳои худро дар назди ҷомеа ва давлат иҷро карда истодаанд. Хусусан, саҳми арзандаи ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллию фарҳангӣ ҳамарӯза эҳсос гардида, дар ободии Ватан саҳм дошта, ба дастовардҳои замони соҳибистиқлоли эҳтиром мегузоранд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони Тоҷикистон аз уҳдаи қарзи фарзандӣ баромада, рисолати худро дар назди ватану ҷомеа пурра иҷро менамоянд.
ТАВАРОВА МОҲИРА ШАРИФХОНОВНА,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон