Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди давлатҳои тараққикарда шароити моддиву маишии сокинонашро ба дараҷаи аъло фароҳам овардааст. Бо вуҷуди ин, тоифаи ҷавононе ҳастанд, ки қиммати озодӣ ва оромиро дарк накарда, нисбати ватани худ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар норозигӣ баён мекунанд. Пеш аз он, ки ҳар як ҷавон сухане нисбати давлат иброз медорад, бояд аввалан ба худ савол диҳад, ки дар тули умри худ чӣ хизмате барои Ватан кардааст ва дар роҳи ҳифзи субот ва амнияти кишвар чӣ нақше дорад.

Дастовардҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба даст овардааст, набояд нодида гирифта шавад, балки ҳамчун заминаи бунёдӣ барои ташаккули эҳсоси ватандӯстии ҷавонон хизмат намояд. Бадбахтона, бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ дастовардҳои кишварро нодида гирифта, барномаҳои рушди давлатиро пайваста мавриди танқид қарор медиҳанд, ки қишри ҷавонон низ ноогоҳона ҳадафи ин гурӯҳҳо қарор мегиранд. Бояд зикр намуд, ки мухолифон тариқи ҷавонон мехоҳанд ба ҳадафи худ расанд. Ҳадафи онҳо  шикасти ваҳдату ягонагӣ, амнияту субот, рушду пешрафт, безобита кардани ҷомеа ва бадбахтӣ овардан ба сари аҳолии ваҳдатмеҳвари кишвар аст.

Дарси ибрат барои ҷавонон ҳамин аст, ки як маротиба ба вазъ дар кишвари ҳамсарҳади мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон назар кунанд. Дар он ҷо ҳамин идда мухолифонанд, ки то ҳол нооромиро нисбати мардуми Афғонистон анҷом додаанд. Давлатро барои садсолаҳо аз шоҳроҳи рушд боздошта, чандин насли аҳолиро аз равандҳои созандаи ҷамъиятӣ дур сохтаанд. Ба мухолифон муҳим давлату миллат нест, зеро онҳо на давлат доранд, на миллат. Ҳадафи онҳо танҳо нооромӣ овардан дар ҳар минтақаи дунё мебошад. Онҳо сабаб шудаанд, ки дар ҳар гушаю канори дунё Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҳамчун давлати ҷангзада мешиносанд. Хуллас, ин миллати бофарҳангу соҳибтамаддунро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном кардаанд. Ин аст симои аслии мухолифон, ин аст воқеияти ваъдаҳои дурӯғини онҳо.

Мо ҷавонон бояд ба ватани куҳанбунёди худ дар сатҳи сазовор арҷгузорӣ намуда, шукрона кунем ва саҳмгузори ҳадафҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бошем. Нагузорем то қувваҳои манфиатҷӯ ва зархаридони хориҷӣ қишри ҷавонони моро ба ҳайси яроқи идеологӣ истифода баранд. Ҷавононро зарур аст, ки бо мавқеи устувор, бо андешаи созанда ва нерӯи пешбаранда ҳомии суботу осоиштагӣ ва рушду бақои Ватан бошанд. Мақсаду мароми Ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зиндагии орому осудаи худр дошта бошад. Ба ҷавонон зарур аст, ки аз насли калонсолу ватандӯст роҳи дурусту устувори зиндагиро омӯзанд, аз таъриху арзишҳои ватани хеш огоҳ бошанд ва ба қадру қиммати дастовардҳои  бузурги ин сарзамин бирасанд.

Ҳамин аст асли ҷавонмардӣ!

Ҳамин аст ҷавҳари ватандӯстӣ!

Тағоймуродов Некрӯз,

мутахассиси Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед