Платформаи нави муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки коршиносони марказҳои илмии бонуфузи ҷаҳонро муттаҳид мекунад, бо талошҳои муштараки Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил гардид. Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов бо тантана ифтитоҳ намуд. Ӯ зимни суханронии худ пешрафти босуръати иқтисодӣ ва технологии Осиё, аҳамияти афзояндаи геополитикии Осиё дар ҷаҳон ва аҳаммияти баргузории Форумро дар воқеияти имрӯза қайд намуд.

Сухани ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба иштирокчиёни форум Мурат Нуртлеу, муовини Сарвазир– Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон қироат кард. Сипас Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон аз номи худ суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дигаргунсозӣ ва демократикунонии ҷомеа, инчунин,  рақобатпазирӣ ва устувории иқтисоди кишвар барои муваффақияти мо ва муваффақияти давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст: «Мо ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои амният, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, логистика, энергетика, саноатикунонӣ, рушди технологӣ, танзими масоили обӣ, экология, фарҳанг ва маориф ҳастем. Мо пешниҳод менамоем, ки дар шаҳри Алмаато Маркази минтақавии рушди устувори Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Имсол Қазоқистон раёсати СҲШ-ро бар уҳда гирифт. Мо барои тавсеа ва таҳкими равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, мусоидат ба ҳамкориҳои наздиктар дар бахшҳои энергетика ва муҳити зист, тавсеаи ҳамкориҳои рақамӣ ва амиқтар кардани робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона саъю талош дорем”.

Муовини роҳбари Дастгоҳи Президент, намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ержан Қазихон дар бораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон сухан ронда, “Раванди Остона”-ро барои ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия мушаххас намуд. Илова бар ин, вай мавқеи фаъоли кишварро дар мавриди кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид намуд: “Мо уҳдадор ҳастем, ки дар чорабиниҳо оид ба пешгирии хатари афзояндаи башардӯстона иштирок намоем ва ифтитоҳи маркази кумаки СММ ба Афғонистонро аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мешуморем”.

Зимнан, таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ҷузъи муҳимми ҷаласаи умумии Форум гардид. Ҳамин тавр, аз минбар муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, сардори Раёсати зиддитеррористӣ Владимир Воронков суханронӣ намуд: «Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми бист соли охир дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати рушди иқтисоду ҷомеаҳои худ ва ҳалли мушкилоти умумӣ, аз ҷумла терроризм, ба пешравиҳои бузург ноил гардиданд. Созмони Милали Муттаҳид барои ин кӯшишҳо миннатдор аст ва шумо метавонед ба дастгирии доимии мо барои сулҳ, шукуфоии муштарак ва ҳуқуқи инсон такя намоед”.

Наталя Герман, ёвари Котиби генералӣ, директори иҷроияи Раёсати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ, амалиёти Жусанро қайд кард: «Қазоқистон дар минтақа аввалин шуда ба ин даъват посух дод ва дар бозгашти шаҳрвандонаш аз манотиқи низоъ, бахусус занону кӯдакон, пешсафии худро нишон дод. Баъдан дигар давлатҳои Осиёи Миёна низ ба ин пайравӣ намуданд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ иродаи қавӣ барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм дар сатҳи минтақаро идома медиҳанд”.

Ғояи аҳаммияти кишварҳои миёна ва хурдро Кайрат Сарибай, Дабири кулли МҲТБО баён намуд. Ба гуфтаи мавсуф, аз байн рафтани ҷаҳони дуқутбӣ иқтидори кишварҳои миёна ва хурдро башиддат афзоиш додааст ва дарк намудаанд, ки дар сурати пайвастан ба талошҳояшон метавонанд дар умури ҷаҳонӣ ва минтақа нақши муассир дошта бошанд. Имрӯз ин раванд дар тамоми сайёраи Замин мушоҳида мешавад, аммо маҳз дар Осиё он бештар ба назар мерасад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамоиши мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Саидаҳтам Талбаков ва муассис ва директори генералии “Zypl.AI” Азизҷон Азимӣ намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи дуюм Форум дар шакли сессияҳои алоҳида идома ёфт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон мавқеи кишварамонро вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи ҳамоиш иброз намуданд.

Авҷи коронавирус ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматҳоро ба қудрати интернет ва андозагирии рақамӣ мутмаин сохт. Ҳамаи ин тағйироти доимӣ дар технологияҳои нав ба сохтори муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар он ИМА ва Чин барои 5G рақобат мекунанд, ба таври ҷиддӣ таъсир мерасонанд ва намунаи мусобиқаи технологӣ мебошанд. Дар ин замина тарси дар канор мондан аз тамоюлҳои ҷаҳонӣ кишварҳо ва ҷомеаҳоро водор мекунад, ки ба воқеиятҳои нав мутобиқ шаванд. Дар ин замина Қазоқистон ва як қатор давлатҳои фазои Авруосиё рӯзномаи рақамии худ, аз ҷумла диверсификатсияи иқтисод, муносибатҳои тиҷоратӣ, тағйироти иҷтимоӣ ва масъалаҳои амниятро,  таҳия мекунанд. Вобастаи ба ин масъала, муассис ва директори генералии “Zypl.AI”-и Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ зимни суханронии худ иброз намуд: “Дар соҳаи мазкур ва истифодаи зеҳни сунъӣ бояд вокуниши ҷомеаро ба инобат гирифт, донист, ки он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба рушди иқтисодии он чӣ таъсир мерасонад. Масалан, авлавияти Тоҷикистон дар иқтисод таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Дар  панҷ-шаш сол мамлакати мо бояд ба «мамлакати миёна» табдил ёбад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ як мушкили умумии доми давлати миёна доранд. Вақте Тоҷикистон ба сатҳи як давлати миёна мерасад, мо нақша дорем, ки аз ин дом раҳо шавем. Чӣ қадаре мо ба рушди зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ кунем, ҳамон андоза бештар содирот хоҳем кард. Рушди муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин соҳа хеле муҳим аст. Мо мебинем, ки кишварҳое, ки дар ин самт иштирок доранд, обод шуда истодаанд”.

Ҳамоҳангсози шуъбаи ноил шудан ба натиҷаҳои Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ вобаста ба иқтидори зеҳнии минтақаи Осиёи Марказӣ Азиза Умарова иброз намуд: “Ман фикр мекунам, ки кишварҳои мо бояд мустақилияти лоиҳаҳо, платформаҳо ва технологияҳои иттилоотиро бартараф ва ҳарчи бештар ба ҳамкории муштарак шурӯъ намуда, нишон медиҳад, ки минтақа дар ҷаҳони IT то чӣ андоза қавӣ аст”.

Форум идома дорад.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед