Ҷанг ҳамчун “идомаи сиёсат бо воситаҳои дигар» дар маҷмӯъ ба зӯроварӣ асос ёфтааст. Тибқи се шакли асосии зӯроварӣ – ҷисмонӣ, иқтисодӣ ва психологӣ ҷангҳоро низ дар илмҳои сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ асосан ба се намуд – ҷанги анъанавӣ (ҷисмонӣ), иқтисодӣ ва психологӣ тасниф мекунанд. Вале дар солҳои охир баъзе мутахассисон зӯроварии зеҳниро (интеллектуалӣ) махсус таъкид намуда, пешниҳод кардаанд, ки навъи чоруми ҷанг – ҷанги менталӣ (бо забони русӣ: “ментальная война”) дар алоҳидагӣ, берун аз доираи ҷанги психологӣ баррасӣ карда шавад. Дар асоси ин дар поён кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки оид ба моҳияти ҷанги менталӣ, (ки дар ҳар сурат як шакли ҷанги иттилоотии психологӣ мебошад), чанд андешае бо такя ба назария, консепсия ва ақидаҳои дар ин самт мавҷудбуда баён карда шавад.
Ҷанги менталӣ ё зеҳнӣ, ки онро “нооҷанг” – “ҷанги нав” ҳам ном мебаранд, шакли олии ҷанги иттилоотии психологӣ аст, ки ба он истифодаи истисноӣ аз зӯроварии менталӣ хос буда, барои қонеъсозии пурраи ягон намуди талаботи моҳиятию экзистенсиалии тарафҳои даргир, пеш аз ҳама талаботи маърифатию иҷтимоии онҳо нигаронида шудааст. Инҷо зери мафҳуми “зӯроварии менталӣ” ҳуҷуми зеҳнӣ, интеллектуалӣ, равонӣ ба тафаккуру ҳуввияти халқ ё шахсият, хотираи таърихӣ, махсусиятҳои фарҳангию тамаддунии онҳо дар назар дошта шудааст.
Чунонки маълум аст, назария ва консепсияҳо оид ба муборизаҳои иттилоотӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотии шабакавӣ, инчунин оид ба ҷанги менталӣ бештар дар ИМА, Россия ва Хитой коркард шудаанд. Барои мутахассисони кишвари аввал, агар дар ҷанги менталӣ ҳуҷум унсури асосӣ ба ҳисоб равад, пас барои коршиносони ду кишвари дигар муҳофизат дар мадди аввал меистад, агарчи дар солҳои охир унсури ҳуҷум низ аз ҷониби онҳо бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Чӣ тавре, ки маълум аст, дар замони муосир ҷангҳои миқёси ҷаҳониро ба ҷангҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангӣ тасниф мекунанд. Ҷанги менталӣ ба ҷангҳои геофарҳангӣ дохил буда, метавонад дар шакли локалӣ, яъне ҷанг бо фарҳанги халқи алоҳида, ё дар шакли глобалӣ – ҷанг бо арзишҳои умумиинсонӣ, ки аз тарафи аксарияти кул қабул шудаанд, роҳандозӣ карда шавад. Мутааассифона, зӯран бор кардани арзишҳои мухолифи арзишҳои умумиинсонӣ ҳангоми роҳандозии ҷанги менталӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, тарғиби арзишҳои ғайримуқаррарӣ, масалан, озодии ҳамҷинсгароӣ, ки дар ҳама фарҳангҳои ҷаҳонӣ маҳкум шудааст ва дар фараҳанги шарқӣ як навъ бемории равонӣ ҳисобида мешавад ва барои риоя накардани ин гунаҳгор ҳисобидани давлатҳо, халқҳо, шахсони алоҳида ва ҳатто тамаддунҳо як ҷузви хеле ҳам сиёҳи ҷангҳои менталӣ аст.
Қобили зикр аст, ки ҷанги муқаррарӣ бар зидди неруи зинда бурда мешавад, дар ҷанги иттилоотии киберӣ инфрасохтор мавриди ҳамла қарор мегирад, ҷанги менталӣ бошад, бар зидди худшиносӣ ва ҳуввияти халқ ё инсони мушаххас, вайрон кардани асосҳои менталӣ, зеҳнию тамаддунии ҷомеа роҳандозӣ карда мешавад. Зимни роҳандозии чунин ҷанг ба тарғиби арзишҳои барои халқу шахсиятҳои мушаххас бегона таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ, аз ҷониби барандагони ҷангҳои менталӣ гузориши дурусти масъалаи худшиносии миллӣ дар ҷомеа ҳамун амале шинохта мешавад, ки гӯё чунин ҷомеаҳо аъзои худро ба иштибоҳ бурда, бар ивази надоштани платформаи иқтисодии мушаххас чунин масъалагузорӣ мекунанд. Вале ба эътибор бояд гирифт, ки муҳимияти худшиносӣ барои миллатҳои начандон бузург ё тозаистиқлол дар замони муосир ба ҳеҷ ваҷҳ коста намегардад. Махсусан аз он, ки баъзе кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои аҳолияшон мусулмон, ки ғайриарабӣ мебошанд, бе ин ҳам асрҳои зиёд зери таъсири арзишҳои бегона қарор доштаанд.
Чуноки мебинем, дар ҷанги менталӣ зӯран бор кардани арзишҳои худӣ як унсури хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, «озодӣ»-ро дар фаҳмиши либералии он ба ҳама халқҳои олам ба таври иҷборӣ ҳамчун арзиши ягона таҳмил намудан, ба ақидаи мутахассисони зиёд, дар нисбати на ҳамаи халқҳо дуруст меояд, зеро, масалан, барои мардуми Шарқ дар чунин ҳолатҳо арзиши муҳимтарин «адолат» аст, на «озодӣ». Таблиғи чунин арзишҳои зӯран таҳмилшаванда дар фазое сурат мегирад, ки аз ҷониби худи барандагони ҷанги менталӣ бунёд карда мешавад. Ба сифати чунин фазо имрӯз шабакаи интернет, википедия, васоити ахбори оммаи ғайримиллӣ ва амсоли он хизмат мекунанд.
Аз ҷониби дигар, ҷангҳои менталӣ дар шакли глобалии худ бар зидди давлатҳои миллӣ бурда мешаванд, ки ин як навъ иҷро кардани супориши ширкатҳои фаромилӣ мебошад, зеро маҳз чунин ниҳодҳо мехоҳанд, ки ҳокимияти иқтисодӣ ва тавассути он ҳокимияти сиёсиро таҳти назорати худ қарор дода, барои ба даст овардани фоидаи ҳар чӣ бештар нақши давлати миллиро дар замони муосир паст созанд.
Ҷанги менталӣ бо истифода аз омезиши ду гурӯҳи силоҳ – се силоҳи иттилоотӣ ва се силоҳи моддӣ сурат мегирад. Се силоҳи иттилоотӣ инҳоянд: 1) таъсир ба зеҳни инсон, афкор, равон ва рафтори ӯ; 2) таъсир ба тарзи фаҳмиши раванди таърихию хронологии сарнавишти инсоният; 3) ташаккули идеология бо иттилооти таърихию хронологӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои барандагони ҷанг мебошанд, дар дохили тамоми шаклҳои фарҳанг ва дониш. Ба силоҳҳои моддии ҷанги менталӣ, аввалан, пул (мабалғгузории фаъолият, додани қарз), сониян, таъсир ба генҳои инсон (бо истифода аз вирус, бактерия, ГМО – организмҳои генашон таҷдидшуда, нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку, маводи мухаддир ва ҳатто санъат) ва сеюм, силоҳи муқаррариро барои нест кардани одамон ва иншооти моддию техникӣ шомил медонанд.
Бояд таъкид намуд, ки барои барканорсозии хавфу таҳдидҳои киберӣ метавон барномаҳои гуногуни зиддивирусӣ таҳия намуд. Вале, мутаассифона, бар зидди вирусҳои менталӣ барномаи зиддивирусӣ вуҷуд надорад. Бар зидди вирусҳои менталӣ, алайҳи ҷангҳои менталӣ танҳо руҳияи қавии халқ ва ҳар як шахси алоҳида, муҳаббат ба марзу буми гузаштагони худ ва эҳсоси ватандӯстӣ истодгарӣ карда метавонанд.
Дар асоси суханони дар боло овардашуда, ки ба тафсири умумии ҷангҳои менталӣ дахл доранд, бояд ба назар гирифт, ки ҷангҳои менталӣ одатан барои муҳлати дароз тарҳрезӣ карда мешаванд. Барандагони чунин ҷангҳо ба эътибор мегиранд, ки ҷомеаҳои худшиносӣ ва ҳувияти худро аздастдода таҳти таъсири меъёрҳои бегона қарор гирифта, имконияти бозгашт ба вазъи пешини худро тадриҷан аз даст медиҳанд ва ихтиёран, бо ташаккули наслҳои нав ба сохтори аз тарафи ғасбкорон муқарраршуда ворид мегарданд. Ин ҳама, албатта, муҳлати дарозро талаб мекунад, ки барои барандагони ҷанги менталӣ ҳамчун расидан ба ҳадафи стратегӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон, бояд ба эътибор гирифт, ки дар ҷанги менталӣ, чун дар дигар шаклҳои муборизаҳои иттилоотӣ, аз тамоми воситаҳо истифода бурда шуда, ба ягон меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад. Аз ин рӯ, барандагони чунин ҷангҳо аз сохторҳои расмии худ дар кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ истифода бурда, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҳар гуна сохторҳои ғайридавлатӣ ташкил мекунанд, онҳоро маблағгузорӣ менамоянд, баъзеҳоро ба ниҳодҳои худ ба фаъолияти меҳнатӣ бо пардохти музди баланди меҳнат ҷалб сохта, барои амалисозии ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд ва ғайра. Бо ҳамин сабаб дар баъзе кишварҳо амнияти миллию давлатии худро ҳифз намуда, одатан чунин ниҳодҳои шаҳрвандӣ ё шаҳрвандони алоҳидаро ҳамчун “агенти хориҷӣ” ба қайд мегиранд, ки як шакли муассири мубориза бо ҷангҳои менталӣ дар замони муосир мебошад. Инро ба эътибор гирифта, дар кишвари мо низ бояд масъалаи такмили қонунгузорӣ дар самти мубориза бо ҷангҳои менталӣ ва дигар навъҳои муборизаҳои иттилоотӣ мавриди баррасии мутахассисон қарор дода шавад.
Ҷанги менталӣ ва муборизаҳои дигари иттилоотию психологӣ дар ҷаҳони муосир рӯ ба афзоиш доранд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои ҳифзи давлати миллии худ ва шаҳрвандони он аз чунин муборизаҳо доимо омода бошем. Аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки алайҳи муборизаҳои иттилоотӣ зиракии сиёсӣ ва, ба қавли ниёгонамон, «фикри чолок» ва «табъи даррок»-ро аз даст надиҳем. Барои дар сатҳи баланди илмӣ ҳифз намудани амнияти миллӣ бояд мутахассисонро низ омода созем. Аз ҷумла, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мутахассисони техникӣ аз рӯи ихтисоси «амнияти иттилоотӣ» тайёр карда мешаванд. Дар баробари ин зарур аст, ки дар факултетҳои фалсафӣ, сиёсатшиносӣ ва рӯзноманигорӣ низ чунин мутахассисон омода карда шаванд. Инро тавассути омӯзиши фанни алоҳида ва ё курсҳои махсус доир ба муборизаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ кардан имкон дорад.
Дар фарҷоми сухан бори дигар таъкид месозем, ки ҷангҳои менталӣ ҳамчун зӯроварии иттилоотии психологӣ, зеҳнӣ ва идеологӣ тавассути истифода аз воситаҳои миқдоран ва сифатан бешумори маънавию моддӣ сурат мегиранд. Вале истодгарӣ бар зидди ҷанги менталӣ ягона роҳ дорад, ки ин, чунонки болотар ҳам чандин дафъа зикр гардид, танҳо тақвияти руҳияи халқ ва шаҳрвандони алоҳида, муҳаббати самимии онҳо ба марзу буми худ ва соҳиб будан ба эҳсоси волои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон