Зикр кардан ба маврид аст, ки охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) 30 январи соли 2020 хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуда, ба он 11 феврали соли ҷорӣ бемории нави коронавирус СOVID-19 номгузори карда шуд. Баътар, 11-марти 2020 СУТ расман эпидемияи коронавирусро ҳамчун пандемия эълон кард.
Ҳамин тавр, зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намудааст. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба ин беморӣ аз моҳи апрели соли ҷорӣ расман ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро роҳандози намуда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба ҳолати 17-уми июни соли 2020 шумораи умумии беморони гирифтори коронавирус дар ҷаҳон 8,3 миллион нафаро ташки дода, аз ин теъдод то имрӯз зиёда аз 3,9 миллион кас шифо ёфтаанд ва 446 ҳазору 122 тан вафот кардаанд.
Бино ба иттиллои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 16 июни соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5160 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави СOVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3624 (70,2%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Хуруҷи ин беморӣ натанҳо ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ, аз ҷумла коста шудани умеди онҳо ба кору зиндагӣ, балки ба рушди тамоми тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан, бахшҳои иқтисодиёт таъсири манфӣ расонид.
Доман паҳн кардани бемории мазкур, пешгири ва бартараф намудни оқибатҳои манфии он ба рушди иқтисодиёию иҷтимоии кишварҳо хисороти зиёди модию молиявӣ расондид. Ба андешаи мо, он садҳо миллион долларе, ки барои мобориза бар зиддии COVID-19 харҷ шудаанд, – ин амалан маблағгузории (сармоягузорӣ) амалинашуда дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 дар баробари аломатҳои манфӣ доштанаш, боз ҷанбаҳои мусбат ҳам дорад. Акнун ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии ин вабоҳро ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, молиявӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба таври алоҳида таҳлилу арзёбӣ ва мушаххас хоҳем кард.
Ҷанбаҳои манфӣ:
- Талафоти ҷонӣ. Тавре, ки болотар гуфта гузаштем, то кунун дар саросари ҷаҳон 408 ҳазору 734 ҳолат, аз ҷумла кишвари мо 50 ҳолати фавти одамон расман ба қайд грифта шудааст;
- Ноустувории вазъи равонии аҳолӣ ва ба тарсу ваҳм дучор намудани онҳо, инчунин коста шудани умеди онҳо ба кору зиндагӣ дар оянда ҳол он, ки ин бемори табобатшаванда буда, дар ояндаҳои хеле наздик аз байн меравад;
- Авҷ гирифтани сатҳи бекорӣ. Мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Кор дар пасманзари ин бемори эҳтимоли бе кор мондани миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон пешгӯи мешавад;
- Хароҷотҳои молиявӣ. Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо низ ҷиҳати мубори бар зидди сироятёбии COVID-19 ва баратараф намудани оқибатҳои манфии он маблағҳои зиёдеро сарф намуданд, ки ба буҷаи онҳо то андозае таъсири манфӣ расонид. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бо рақам нишон додани маблағҳои бо ин мақсад ҷудогардида дар доираи баъзе аз кишварҳо муҳим мебошад, хусусан:
- Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар ҳаҷми зиёда аз 8,3 миллиард доллар;
- Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҳаҷми 80,5 миллиард юан (11,5 миллиард доллар). Илова бар ин, ҳукумати Чин ба ширкатҳое, ки дар мубориза бар зидди COVID-19 иштирок намуданд дар ҳаҷми 953,5 млрд юан ё зиёда аз 136 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд;
- Федератсия Россия дар ҳаҷми 1,4 трилион рубл. Аз балағи ҷудо гардида 150 миллиард рублаш барои дастгирии иловагии соҳибкории хурду миёна бо қарзҳои кӯтоҳмуддати имтиёзнок, аз ҷумла ҷиҳати пардохти музди меҳнат;
- Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳаҷми 9,2 миллион доллар. Бо мақсади зикргардида аз ҷониби соҳибкорони қазок 1,5 миллион танга равона гардидааст;
- Ҷумҳурии Узбекистон дар назди вазорати молия “Фони зидди бӯҳрониро дар ҳаҷми 10 трилиён сум таъсис дод. Аз ин маблағ, 5,5 трилиён сум барои дастгирии соҳибкорӣ ва 2,8 трилиён сум барои таъмини устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ равона гардидааст;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст. То имрӯз ба суратҳисоби мазкур зиёда аз 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.
- Дар натиҷаи эълон намудани карантин аз фаъолият боз мондани корхонаю ширкатҳои аҳамияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонидошта. Қатъи фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, дар соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон. Ин вазъ, натанҳо шиддат гирифтани сатҳи бекорӣ, ихтисори ҷойҳои корӣ, паст гардидани сатҳи даромадноки ва пардохтпазирии аҳолӣ, махсусан дар кишвари мо, низ бетаъсир намонд;
- Баста шудани марзҳо миёни кишварҳо ба камчини ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили картошка (5-15 сомонӣ) ва махсусан, орду ғалла, ки таъмини талаботи аҳолӣ то андозае аз ҳисоби воридоти он аз хориҷи кишвар вобастаги дорад, таъсири манфӣ расонид.
- Коҳиш ёфтани талабот ва паст гардидани нархи содироти маҳсулоти кишоварзии истеҳсолӣ худӣ. Ба андешаи соҳибкорон баста шудани марзҳо миёни кишварҳо боиси то 8 маротиба пойин рафтани нархи пиёзи содиротӣ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон гардида аст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳоло соҳибкорон як килограмм пиёзро барои содирот бо нархи тақрибан 40 дирам харидори мекунанд, ки рақам соли гузашта 3 сомонию 20 дирамро ташкил медод. Ин вазъ, агар як тараф ба фаровонии бозорҳои дохилӣ ба ин намуди маҳсулот бо нархои нисбатан дастрас мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба вазъи молиявии соҳибкоронӣ ба парвариши пиёз машғул буда таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи соҳибкорон арзиши аслии истеҳсоли як килограм пиёз ҳоло аз 50-60 дирамро ташкил дода, танҳо дар сурати ҳадди ақал бо нархи 1,8 сомонӣ ба фӯруш гузоштани он фоидаовар арзёбӣ мегардад. Ба ақидаи онҳо, дар ин ҳолат наистеҳсолкунанда, балки соҳибкорони миёнарав даромади бештар мегиранд;
- То андозае паст гардидани сурати рушди ММД. дар семоҳаи якуми соли 2020 ММД 7,0 дарсадро ташкил намуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 дарсад кам мебошад. Бадин тартиб, ин рақам дар соҳаи кишоварзӣ 1, 5 банди фоизи, сохтмон 18, савдо 3,1, гардиши бор 1, 9, ва хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо бошад 2,3 банди фоизӣ кам гардид;
- То 72,3 миллион сомонӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ва соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд амалӣ мешуданд;
- Тақрибан 21 дарсад коҳиш ёфтани нархи фурӯши нахи пахта дар бозорӣ ҷаҳонӣ. Ҳоло бо таъсири ин беморӣ, фурӯши як тонна нахи пахта 1210 доллар муқарар гардида аст. Ин вазъ, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта таъсири манфӣ расонид.
Ҷанбаҳои мусбат:
- Рушди саноати дорусозӣ. Чунин вазъ барои кишвари мо сабақ шуд, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем;
- Тарбия ва таёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат;
- Баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносии донишмандону олимони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, технология, билогия, кимиё, физика ва математика дар самти истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд. Бо заҳмату талошҳҳои олимони соҳаҳои зикргардида бори аввал дар кишвар таҷҳизоти нафасдиҳии сунъии истеҳсол гардид, ки ин дастоварди бузург аст;
- Муқарар намудани банди алоҳидаи зидди бӯҳронӣ дар барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” оид ба бартараф намудани оқибатҳои манфии COVID-19 ба рушди соҳаҳои иҷтимою иқтисодӣ;
- Масъулияти бештар дар самти боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштани кучаю хиёбонҳо, корхонаю муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеаташон, инчунин, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ки омили асосии пешгири кардани паҳншавии вируси мазкур ба ҳисоб меравад;
- Истифодаи самараноки захираю имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина авзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитарӣ инчунин, таъмини маданият ва мақсаднок истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва дар ин асоси мунтазам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ;
- Таъсис ёфтани Шӯрои байниидоравӣ доир ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории СOVID-19 дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо;
- Коҳиш ёфтани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки омили асосии обшавии босуръат ва кам шудани пиряхҳои хурду миёна, хушксолӣ, обхези, лағшиши кӯҳ, тарма ва дигар фалокатҳои табии зиёновар ба ҳисоб меравад. Бузургтарин ихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ, Амрико, Чину Россия, Ҳинду Бритонияи Кабир ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дониста мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 – умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Пешбини шудааст, ки сатҳи олудагии атмосфера дар соли 2020 дар муқоиса ба соли 2019 аз 4 то 7 дарсад камтар шавад. Чунин коҳиши партоби гази карбон аз замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ то кунун дида нашудааст.
Ҳамин тавр, то кунун ҷанбаҳои мусбӣ, манфӣ, ҳаҷми хароҷотҳои моддию молиявии сарфгардидаи кишварҳои ҷаҳон дар робита ба пешгирии сироятёбии СOVID-19, инчунин, тағйирёбии дурнамои рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз таъсири ин бемори ба таври дақиқ таҳлилу арзёбӣ намудан имконпазир аст. Чунки сироятёбии ин бемори ва таъсири он ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ то ба ҳол идома дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои сироятёфта, аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус бо харҷи маблағҳои зиёд, тадбирҳои саривақтиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии он ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат роҳандозӣ намуд.
СOVID-19 қариб ба тамоми кишварҳои ба ин бемории сироятӣ гирифторшуда ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарбаробари дигар хароҷотҳои моддию молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан, соҳаи хизматрасонии онҳо низ дар робита эълон намудани карантин ва баста шудани марзҳо миёни кишварҳои сироятёфта, хисороти зиёди молиявӣ расонид. Хушбахтона кишвари мо, аз хисороти азими молиявӣ эъмин монд, зеро карантини сартосари эълон карда нашуд. Ба андешаи мо ва дигар коршиносони масоили иқтисодӣ, агар мисли дигар кишварҳо дар мамлакати мо низ карантин ҷорӣ мегаридид ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 16 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ мерасид. Бинобар ин, иқтидоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба эълон накардани карантин ва пурзур намудани риояи талаботи беҳдоштӣ, бисёр муҳим ва саривақти буд.
Одинаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ.