Ҷаҳон имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ мувоҷеҳ буда, хатарҳои мазкур дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт гардидааст. Дар шароити ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, боло рафтани сатҳи коррупсия низ ҳамчун хатари монеаафкан дар рушди иқтисоди кишварҳо зам шудааст. Бо дарназардошти фарогирӣ ва сатҳи таъсиррасонӣ, коррупсия падидаи номатлубе мебошад, ки дар ҷомеа реша давонда, паёмадҳои он аз хатарҳои болозирк кам нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Ба андешаи мутафаккири бузурги Фаронса Ш. Л. Монтеске «дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, тамаллуқкорӣ ва ғайра рабт медиҳанд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз зиёд будани таърифҳо ва нуқтаи назари гуногун нисбат ба коррупсия, аксари одамон бар он андешаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро фалаҷ гардонда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти ниҳодҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки аввалин санади ҳуқуқии байналмилалӣ зидди коррупсия, дар ҷаласаи умумии иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 31 октябри соли 2003 қабул гардид, ки он 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика дар ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки дар натиҷа намояндагони давлатҳои иштирокчӣ бо тарафдорӣ ба он имзо гузоштанд. Дар ин раванд, 14 декабри соли 2005 Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия мавриди амал қарор гирифт, ки он аз 8 боб ва 71 модда иборат аст. Айни замон зиёда аз 172 давлати дунё, ки аъзои Конвенсияи мазкур мебошанд, уҳдадор гардидаанд, ки дар қонунгузории миллии худ чораҳои зиддикоррупсиониро татбиқ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ ба Конвенсияи мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт.
Бо дарназардошти мубрамият ва самаранокии санади мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 онро тасдиқ намуд. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шуда, минбаъд ҳамчун қисми таркибии системаи ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар заминаи он ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.
Дар ин замина, қабул гардидани якчанд қонунҳои махсуси мубориза бо коррупсия ва 3 маротиба қабул гардидани стратегияи мубориза бо коррупсия аз зумраи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз санаи 25 апрели 2008 зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд, ки «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».
Ҳамин тавр, сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия, ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иқтисодӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Бо дарки хатари эҳтимолии ин падидаи номатлуб ва бо пойбанди ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия тадбирҳои ҳамаҷонибаро амалӣ менамояд, ки ба пешгирӣ, ошкор ва рафъи коррупсия нигаронида шудаанд.
Аз ин рӯ, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
- Асосҳои ҳуқуқӣ: Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мустаҳками мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин қабул гардиданд, ки самарнокии тадбирҳои мубриза бо коррупсия мусоидат намуданд: аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 (25 июли соли 2005 дар таҳрири нав), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008, “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 №414, Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз аз 30 апрели соли 2010 №864, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012» аз 2 сентябри соли 2010 №431, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025.
- Асосҳои институтсионалӣ: Бо назардошти он, ки нақши ниҳоди махсусгардонидашуда дар мубориза бо коррупсия аҳаммияти аввалиндараҷа дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳким бахшидани пояҳои институтсионалии масъала тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, новобаста за вазъи мураккаби сиёсӣ дар кишвар 4 майи соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 222 Политсияи андоз таъсис дода шуда, низоми сохтории он марҳила ба марҳила мукаммал гардонида шуд. Дар баробари ин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2001 №590 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.
- Ҳамкории байналмилалӣ: Тоҷикистон ҷиддияти мушкилоти коррупсия ва таъсири харобиовари он ба рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоиро дарк намуда, дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳа фаъолона иштирок мекунад. Стратегияи Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия ба принсипҳои ҳамкории бисёрҷониба, ҳамоҳангсозии талошҳо ва табодули таҷриба бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ асос ёфтааст.
Тоҷикистон узви конвенсия ва созишномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба мубориза бо коррупсия, аз қабили Конвенсияи СММ алайҳи коррупсия (2003) ва Конвенсияи САҲА оид ба мубориза бо коррупсия (1999) мебошад, ки санадҳои мазкур чаҳорчӯби ҳамкориҳои байналмилалиро дар мубориза бо коррупсия муайян намуда, принсипҳо ва стандартҳои умумиро дар ин самт муқаррар мекунанд.
Тоҷикистон ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, ИА, САҲА, ХБА ва ғайра фаъолона ҳамкорӣ намуда, дар мубориза бо коррупсия кумаки техникӣ ва дастгирии коршиносонро пешниҳод ва дарёфт мекунад. Созмонҳои байналмиллалӣ барои таҳкими тавонмандиҳои институтсионалии Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия, таҳия ва татбиқи барномаҳои зиддифасод, омода кардани мутахассисон ва баргузории маъракаҳои маърифатӣ, захираҳои молиявӣ ва фаннӣ ҷудо мекунанд.
Дар самти мубориза бо коррупсия ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо низ нақши муҳим доранд. Тоҷикистон дар форматҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, табодули таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳо ва пешбурди ташаббусҳои муштарак оид ба мубориза бо коррупсия иштирок фаъол дорад.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ, ки ба таҳкими шаффофият ва масъулияти мақомоти давлатӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи коррупсия ва оқибатҳои он, равона шудаанд, ҳамеша мавқеъ ва омодагии устувор дорад.
Ҳамин аст, ки дар заминаи тадибрҳои роҳандозигардида, танҳо дар шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 258 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 251,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 240,5 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 147,2 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 93,3 млн. сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.
Дар маҷмуъ, муваффақият дар мубориза бо коррупсия аз бархӯрди ҳамаҷониба, аз ҷумла иқдомоти қатъии ҳукумати Тоҷикистон, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии шарикони байналмилалӣ вобаста аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, ки «мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Аз ин рӯ, дурнамои мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандии зич дорад. Раванди мазкур на танҳо тадбирҳои фардӣ, балки муносибати фарогире мебошанд, ки ба дигаргуниҳои воқеӣ ва рушди устувор мусоидат менамоянд.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи коррупсия ва оқибатҳои харобиовари он омили асосии мубориза бо ин вабо мебошад. Шаҳрвандоне, ки зарари коррупсияро ба иқтисодиёт, хадамоти иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ ҷомеа мефаҳманд, дар баёни арзу шикоят ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолтар мешаванд. Баҳси ошкоро дар бораи фасод дар васоити ахбори умум, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ метавонад муносибатро нисбат ба ин мушкилот тағйир дода, онро аз соя ба баҳси ҷамъиятӣ бардорад.
Аммо, танҳо огоҳӣ мушкилотро ҳал намекунад. Дар ин замина, ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур ба назар мерасад. Ин маънои муколамаи ошкоро ва ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва шаҳрвандони фаъолро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар ин самт танҳо дар шаш моҳи соли 2024 ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 825 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуда, дар ин раванд тавассути васоити ахбори омма 57 маротиба мусоиҳабаҳо анҷом дода шуд. Ҳамчунин, Агентӣ 6 конфронс ва 38 мизҳои мудаввар, семинарҳо ва нишастҳои матбуотиро доир намудааст.
Бо дарназардошти хусусият ва моҳият, раванди мазкур аз ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи дастаҷамъона ва заминаҳои мустаъками ҳамкориро талаб менамояд. Ҳамин тавр, лоиҳаҳои муштарак, маъракаҳои иттилоотӣ, барномаҳои омӯзишӣ ва механизмҳои вокуниш ба шикоятҳои шаҳрвандон метавонанд василаи таҳкими созиш ва эътимод байни ниҳоди давлатӣ ва ҷомеа бошанд. Аз ҷониби дигар, ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумот дар бораи буҷет ва хариди давлатӣ дар пешгирии фасод ва таҳкими шартнома бо шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Албатта, ин раванд вақт ва кӯшишро талаб мекунад, аммо боло бурдани огаҳии мардум ва ҳамоҳангсозии мавқеи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа як қадами муҳим дар роҳи муборизаи муваффақ бо фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Тадбирҳои мазкур, на танҳо чораҳои пешгирикунанда, балки стратегияи ташкили ҷомеаи шаффоф, масъулиятнок ва одилона мебошанд.
Ғуломносирова Ф.М.,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон