Рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳамоишро директори Марказ Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба ин ин рӯзи саид табрику муборакбод намуд ва зимнан тазаккур дод, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳо, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу пешрафти давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Пешвои муаззами миллат ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Сипас мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Имомназари Каримиён дар мавзӯи “Президенти мардумӣ” маърӯза кард. Кормандони Марказ Зубайдулло Давлатов, Рухшона, Одилова, Бахтиёр Холиқов ва дигарон ба музокира баромада, пиромуни “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст кард ва изҳор дошт, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ минбаъд низ минбаъд ҳам барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъй ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон