Рӯзи 21 ноябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода,  ҳозиринро аз номи роҳбарияти Марказ ба муносибати  Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфт ва суханро ба муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  вогузор намуд.

Номбурда зимни суханронӣ қайд кард, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам пазируфта шудааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси миллати тоҷик буд, чунки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон дорои таърих ва анъанаҳои қадима мебошад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки ифодагари мавҷудияти давлати онон буд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ягонагии давлатдории Ориёӣ пазируфта шудааст  ва ин Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ин халқи фарҳангсолору куҳанбунёд буд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  чумҳурии  соҳибистиқлоли Точикистон дар сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Барои таҳияву пешниҳод ва қабули рамзҳои нави Точикистони соҳибистиқлол муддати ду сол неруи эҷодӣ сарф гардид. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон ба уҳда дошт.  Аз ҷониби муаллифон ва гурӯҳҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ зиёда аз дусад пешниҳод ворид гардид. Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабз ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу  точик сарчашма гирифта, бохирадӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.  Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуд. Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассумгар мебошад. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда мешавад.

Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик  маънидод шуда буд. Ҳоло бошад, ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Точикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Дар давраи фаъолияти комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллии таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари  мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси навинтихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабули он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон–Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори маҷлис ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.

Бояд қайд намуд, ки пас аз ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри Арбоб дар шаҳри Хучанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии   Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар санаи 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад.

Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.  Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки  фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд.

Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.

Чанд рӯз муқаддам мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Дар иртибот бо ин мехостем таъкид намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом доштаанд: “Мо дар зарфи бисту панҷ сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард”. Итминони комил дорем, ки мо таҳти ҳидоятҳои хирдмандонаи Пешвои муаззами миллат ва бо партавафшонии Парчами миллии хеш ба ин ҳадафҳо мерасем.

    Сипас муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар дар мавзӯи “Парчами давлатӣ–рамзи давлатдории миллӣ” суханронӣ намуд.  

    

Ҷамъомадро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҳусни анҷом бахшида,  изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати кормандони  Марказ  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифта, минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон талош меварзанд ва бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.   Ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ,  самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.      

Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегиии   назди

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед