Рӯзи 6 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҳамоишро директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу  иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ  ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо Модаронро  чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва  ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем.

         Фарқи занону модарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз дигар бонувони вазорату муассисаҳои давлатӣ дар он аст, ки Шумо дар Маркази зеҳнӣ кору  фаъолият менамоед ва барои рушду пешарафти Тоҷикистони азиз тавассути маводҳои таҳлилии таҳиякардаатон пешниҳодҳои муҳим ва актуалӣ манзур менамоед.           

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар Паёми мазкур дар ин бора чунин омадааст: “Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 дарсад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 дарсад, фарҳанг 51 дарсад ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.

Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.

Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

         Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани  Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишварамон нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани бонувон мебошад,–гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хуршед Зиёӣ  ва  бонувони Марказро ба  муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуд. 

Сипас  мушовири директори Марказ Абдуллоҳи Раҳнамо ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ     Алиназар Ашӯров, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Фарзона Худойдодова, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯз Равшаналиев ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд ба сухан баромада, ҳозиринро ба Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд. 

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба бонувони Марказ туҳфаҳои  хотиравӣ супорида шуд.         

Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.      

   Хадамоти матбуотии  Маркази стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед