Имрӯз, 23 феврали соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ  баргузор гардид. Ҳамоишро директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода  ифтитоҳ намуда, аввалан кормандони Марказро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими Истиқлоли давлатии кишварамон  мухтасаран суханронӣ намуд.

Сипас сардори Раёсати таъминоти  иттилоотии Марказ, полковники мустаъфӣ Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Аз таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон”  маърӯза намуд ва аз ҷумла, қайд кард, ки  баъди пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати давлатҳои хориҷӣ бо баҳонаҳои гуногун ва бо дастгирии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ Тоҷикистонро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд. Ин ҷанг тамоми кишварро фаро гирифт. Сохторҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятпеша истодагарӣ карда натавонистанд. Дар ин гуна вазъият артише  лозим буд, ки давлату миллатро аз мухолифини яроқнок муҳофизат карда тавонад. Дар чунин шароити вазнин бо мақсади ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  N ФП-14 аз 4 январи соли 1992 дар бораи ташкили Кумитаи мудофиа, таҳти N 363 аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 1992, N ФП-188 “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа” қабул карда шуданд. Сипас 18 декабри соли 1992 Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” аз 4 ноябри соли 1995 ва “Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон”, ки бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.10.2005, N103 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳимми давлатиро дар як муддати кутоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, 23.02.2019, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ”.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон аз ҷузъу томҳои ҳарбии он чизе ба худ нагирифт. Бо даъвати Сарвари давлат баҳри муҳофизати сарҳад қисмҳои ҳарбии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда заминаҳои асосии таъсиси сохтори ташкили штатии Артиши миллии тоҷик дар соли 1993 гузошта шуд. Дар таърихи  23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Ин артиш дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андухта, обутоб ёфт. Тайи солҳои 1993-2020 дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистанд садоқати худро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созанд.

Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.

Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба ин рӯз беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд. Ҳоло зиёда аз 90  дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.

Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва муассисаҳои номбурдаро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсили олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳамасола беш аз 150 нафар афсарон курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.

Бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо ҳалли худро ёфтааст. Зимнан, Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андухт ва имрӯзҳо онро такмил медиҳад. Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти кишвар ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҳамоишро ҷамъбаст карда, бори дигар ҳайати кормандони Марказро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуд.

Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.

   Хадамоти матбуотии  Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед