Рӯзи 21 феврали соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Марказ ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт.
Сипас коршиноси масоили амниятии Марказ, полковники мустаъфӣ Саидхоҷа Акбаров дар дар мавзӯи “Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ, полковники мустаъфӣ Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Артиши миллӣ–сипари боэътимоди Ватан” суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш муовини директори Марказ Саодат Ҷӯрахонзода ҳайати кормандони Марказро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати кормандони Марказ Рӯзи Артиши миллииро ба таври шоиста истиқбол гирифта, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд ва бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.
Ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон