Рӯзи 16 майи соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Дастгоҳи иҷрояии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади аввалини омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, суханро ба сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов вогузор намуд.

Номбурда дар бораи тарҷумаи ҳоли академик Бобоҷон Ғафуров маълумоти мухтасар ироа намуда, арзиши илмиву фарҳангии китоби “Тоҷикон”, нақши ин шоҳсарро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсосоти ватандӯстӣ ва меҳанпарастии қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишварамон арзёбӣ намуд.

Ӯ аз ҷумла тазаккур дод, ки китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров асари яклаҳза ё якрӯза нест, балки китоби имрӯзу фардост. Китоби пойдорӣ, номдорӣ ва давомдории миллат аст. Ин китоб ҳушдор медиҳад, ки инсон мавҷуди маънавист, ҳастии инсон ҳастии маънавист. Ва ӯ бидуни бузургдошту сабақҳои омӯзандаи таърих, бидуни донистани фалсафаи гузашта, бидуни таҳлили мантиқи ҳаводиси таърихӣ ба сӯйи оянда қадамҳои устувору бехато гузошта наметавонад. Китоби академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба тоҷикон, бахусус насли наврас, асолату ҷавонмардӣ, қаҳрамонию ватандӯстиро меомӯзад. Фирдавсии бузург бо ифтихори ватандӯстӣ мегӯяд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Тоҷикон имрӯз ба марҳалаи худшиносии тозае расиданд, ки дар асоси шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, дар асоси шинохти муҳимтарин хусусиятҳои миллии худ, моҳияти марҳалаи имрӯзаи таърихро амиқан дарк карда, барои иҷрои ҳадафхои миллӣ дуруст амал намоянд. Тавассути омӯзиши китоби “Тоҷикон” мо таърихи ниёгонамонро меомӯзем ва чун решаву аҷдоди худро шинохтем, худро мешиносем. Худшиносӣ дар такмили мусбати хар як инсон таҳкурсии ниҳоят муҳим аст. Тафаккури таърихӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои башарияти мутамаддин аст, омили моҳиятнамоест, ки барои фахмидани дирӯзу имрӯз, аҳаммияти таърихии ҳодисаҳо имкон дода, андӯхтаҳои хираду закои инсонро, ки дар саҳифаҳои китоби таърих сабт аст, ба хидмати имрӯзу фардо мегузорад.

Таърихи миллат, ки бо шири модар ба хуни шахс ворид шуда, дар сиришташ менишинад, тезбиние, ғаризае, савқи табиие дар шинохти худвижагиҳои ҳаёти халқу кишвар, манфиатҳои миллат, идеалҳо ва ҳадафҳои миллӣ, дар шинохти тамоюлоти рафти замон ато менамояд.

Шоҳасари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” низ ҳар як хонандаро ба саҳифаҳои таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва ақвоми ориёӣ шинос намуда, аз рӯзгор шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихию сиёсиамон нақл мекунад. Ёд овардан ва муаррифӣ кардани шуҷоату далерӣ, фазлу дониш ва бузургию тавонмандии онхо далели эхтироми мо ба таърих ва симоҳои таърихию фархангии халқи азизамон аст. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки шоҳасари таърихии академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба густариши бештари худогоҳию худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Дар таърихи ҳар миллат шахсиятхои барҷастае ҳастанд, ки таъсирашон ба тақдири таърихии миллат таъсири мусбат ва ҳалкунанда мерасонад. Воқеан, яке аз дастовардхои пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро абадан дар радифи алломахои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволаш “Тоҷикон” мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. Асари “Тоҷикон” дар Ҷопон, Лаҳистон, Афғонистон, Эрон, Чин ва дигар кишварҳо нашр шудааст. Ин асар аз тарафи мутахасисони маъруфи тамаддуни халқҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ эътироф гардидаааст. Китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид.

Шоҳасари “Тоҷикон” воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин китоби безавол натиҷаи заҳмати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳкиқоти бунёдӣ ва фарогири таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Агар Абулқосим Фирдавсӣ сӣ соли умри худро барои офаридани ҳамосаи “Шоҳнома” сафр карда бошад, Бобоҷон Ғафуров низ сӣ соли умри худро ба таълифи китоби “Тоҷикон” бахшид. Ва ин кохи баланди илмӣ ба қавли Фирдавсӣ “аз боду борон наёбад газанд”. Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар “Шоҳнома”-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин кори бузургро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ “Тоҷикон” бо далелу бурҳонҳои илмӣ анҷом додааст.

Вақте дар бораи таърихи миллат, фарҳангу ҳувияти миллӣ сухан меравад, бисёр муҳим аст, ки гӯянда на танҳо муқаққиқу олими таърих бошад, балки донанда, баранда ва соҳиби ин арзишҳо бошад. Мо метавонем ба сиёсати ҷаҳонӣ сарукор надошта бошем, аммо сиёсати ҷаҳонӣ ба мо сарукор дорад. Яъне шинохтани сиёсати ҷаҳон, шинохти фаъолу ҳушмандона барои мо ҳам фарз ва ҳам қарз аст. Ҳар як шаҳрванд бояд дар зеҳнаш дирояти омодаи сиёсатшиносиро тарбият кунад. Аввалин, заруртарин, муассиртарин қадами ин фарз андешаи ваҳдати миллат аст, вахдати пӯлодин, рахнанопазир. Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрӯз хатти набардхои беамон на дар ҷабҳаҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман мегузарад, балки хатти ҷанг дар зеҳнҳои инсонҳо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ барои тасарруфи тафаккуру андеша ва мағзҳои одамон идома дорад.

Бояд таъкид кард, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба ҳар як оилаи кишварамон туҳфа намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар тӯли таърихи башарият назир надорад. То Эмомалӣ Раҳмон дар таърих ягон Сарвари давлат ин гуна амали инсонсозу наслсозу миллатсозро анҷом надодааст. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон нахустин бор аст, ки Сарвари давлат китоберо ба ҳар як оила чун туҳфа такдим мекунад. Ин туҳфа ҳадаф дорад. Ҳадаф ба миллати тоҷик ва тоҷикистониён ва ба ҳар фарди миллат ба вуҷуд овардани имконияти омӯзиши таърихи халқи худ аст. Ба ин васила Сарвари давлати тоҷикон мехоҳад, ки миллат таърихи худро омӯхта, аз бурду бохтҳо, шикасту музаффариятҳо дар тӯли таърих сабақи худшиносӣ бигирад. Миллат бояд дарк кунад, ки истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷамъиятие, ки мо имрӯз ба даст овардаем, бояд муҳофизат карда шаванд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки истиқлоли давлатии мо, ваҳдати миллии Тоҷикистон, суботу амнияти он душмани дар камин нишастае дорад, аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба ҳифзи ин арзишҳои волои миллию давлатӣ омода бошем. Таърих на танҳо мубориза баҳри истиқлол аст, балки заҳмати пурсамар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт барои ободию озодии Ватани азизамон аст. Мақсад он аст, ки тафакур ва андешаи мо давлатмеҳвару миллатмеҳвар бошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо фарзанди падару модари худ, балки фарзанди вафодору ҷоннисори Ватан бояд бошад. Дар пештоқи Донишгохи Стелленбоси Африқои Ҷанубӣ чунин наишта шудааст: “Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ё мушакҳои дурпарвоз лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба рӯйбардорӣ аз дафтар иҷозат диҳед, кифоя аст. Дар натиҷа беморон аз дасти чунин духтурон мемиранд, биноҳо аз дасти чунин меъморону муҳандисон фурӯ мераванд; маблағҳо аз дасти чунин иқтисоддонону ҳисобдорон ба бод мераванд; адолат аз дасти чунин қозиҳо нест мешавад. Пастии таълим маҳви миллат аст! Аз Сарвазири Ҷопон пурсиданд: Чӣ гуна ба ин ҳама пешрафти илму техника ноил гардидед? Гуфт: “Мо ба омӯзгорон маошро монанди вазир, дахлнопазириро монанди депутат ва шарафмандиро монанди император таъмин намудем”.

Ба шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, донишманди маъруфи Афғонистон Ҷалолиддин Сиддиқӣ дар бораи ин шоҳасар фармудааст: Китоби “Тоҷикон” дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст”.

Шарқшиноси машҳури амрикоӣ Ричард Фрай гуфтааст: “Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русӣ доир ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аст”. Доир ба аҳаммият ва арзиши илмиву фарҳангӣ ва таърихии китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри асари мазкур соли 1998 барҳақ чунин гуфтааст: “Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ –”Тоҷикон” на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки омӯзиши ин асари арзишманд ба таври дастаҷамъона бешубҳа, барои боло бурдани ҳувияту худшиносии миллӣ, ва эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии тоҷикон ва кулли мардуми кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Сипас Зубайдулло Давлатов ба суолҳои ҳозирини ҷамъомад посухҳои қаноатбахш дод.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Дар назар аст, ки чунин машғулиятҳои омӯзиши дастаҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳе як маротиба доир карда шавад.

Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед