Рӯзи 17 октябри соли 2019 ҷамъомади ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро директори Марказ Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шарифҷон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муовини якуми директор таъин намудани доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода қироат карда, шахсияти мавсуфро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Пас аз муаррифӣ Зиёӣ Хуршед Махшулзода ба сухан баромада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ ва таъин намудан ба вазифаи масъулиятноки давлатӣ изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад, то сазовори эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат фаъолият намояд.
Дар охири ҷамъомад директори Марказ Диловар Қодирзода аз номи ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзодаро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаи муовини якуми директори Марказ табрику муборакбод карда, барояшон комёбиҳо орзу намуд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон