Рӯзи 6 октябри соли 2023 ҷаласаи Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:

  1. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2023.
  2. Нақшаи фаъолияти корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳои Марказ 3 моҳи охири соли 2023.

         Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иқтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Шарифзода Саидҳомид  дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Муайян ва пешгӯйӣ кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозорӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: Масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории иннноватсионӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Ташаккул ва рушди комплекси агросанотӣ ҳамчун қисми таркибиии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Валиҷон Олимзода дар бораи фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсат гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои муқарризони берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид доданд. Аъзои Шурои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар нуҳ моҳи соли 2023 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар кори Шурои илмию методӣ нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ се моҳи охири соли 2023 баррасӣ ва муҳокима гардид.

Дар кори ҷаласаи Шурои илмию методӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. доктори илмҳои фалсафа. профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷаласаи Шурои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед