Рӯзи 4 июли соли 2024 ҷаласаи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

Тасдиқи ҳисоботҳои Раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли 2024.

Тасдиқи нақшаи кори илмию тадқиқотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030.

Тасдиқи нақшаи кори илмию тадқиқотии Раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030.

– Масъалаҳои гуногун.

Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарипов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Одиназода Амин, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Муртазозода Ораз ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар бораи фаъолияти шашмоҳаи илмӣ ва бурду бохтҳои раёсатҳои Марказ гузориш ироа намуда, ба саволҳои Раиси Шӯро ва ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои навиштаи кормандони ниҳод ба мақолаҳои илмӣ ва авторефератҳои дохилию берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки кормандони Марказ дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Аъзои Шурои илмии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар шаш моҳи соли 2024 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Хайриддин Усмонзода аз фаъолият ва корҳои ба сомонрасонидаи раёсатҳо дар шаш моҳи соли 2024 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар суханронии худ дар қатори фаъолияти назарраси кормандон, аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ таъкид намуданд.

Ҳамзамон, барои пешрафти паҳлуҳои дигари фаъолияти Шурои илмии Марказ дар оянда, тавсияҳои муфид ироа карда шуд. Аз ҷумла, ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони Марказ, роҳбарият таваҷҷуҳ намуда, зикр гардид, ки пайваста дар ин самт мутахассисон дастгирӣ карда мешаванд. Дар робита ба ин, моҳи июни соли равон муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавӣ Ҷамшед Солеҳов барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Чин ба семинари омӯзишӣ зери унвони “Ҳамкориҳои тиҷоратӣ- иқтисодӣ барои Тоҷикистон” сафарбар гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи иқтисодиёти Чин шиносоӣ пайдо намуд.

Дар интиҳои ҳамоиш сертификатҳои Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии мардумии Чин ва Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Пекин, ки номбурда ба он мушарраф гардидааст аз ҷониби директори Марказ тақдим карда шуд.

Ҷаласаи Шурои илмии Марказ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед