Рӯзи 14 декабри соли 2023 ҷаласаи Шурои илмии навбатии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ, Раиси Шурои илмиии Марказ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба фаъолияти илмӣ, машваратӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2023 гузориш ироа намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони Марказро пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2023 таҳқиқот аз рӯйи мавзуъҳои зерин бурда шуд:
- Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
- Таъмини амнияти иқтисодӣ дар заминаи баланд бардоштани рақобатнокии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мутобиқ ба нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2023 мавзуъҳои дар боло зикршуда пажӯҳишҳои кормандон аз рӯйи зермавзуъҳои зерин гузаронида шуданд:
- Муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир;
- Муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ;
- Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манифиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
- Масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ;
- Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон.
Маркази тадқиқоти стратегӣ вобаста ба иҷрои мавзуъҳои зикршуда моҳи декабр дар Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ ҳисоботи муфассалро манзур намуд. Масъалаи иҷрои нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда босифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо дар ин муддат амалӣ шуданд. Махсусан, муҳокимаи пайвастаи масъалаҳо дар Шурои илмӣ ва Шурои илмию методии Марказ судманд буданд.
Шурои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 10 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд. Шурои илмию методии Марказ аз 15 нафар иборат аст. Дар Шурои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ тибқи вазифаҳои низомномавии худ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатии дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.
Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм гузоштанд.
Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли ҳисоботии 2023 вусъати тоза пайдо намуданд. Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.
Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳамияти назариявию амалиро дорост, ки Марказ дар ин самт хеле фаъол буд.
Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомона ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд.
Дар сомонаи Марказ тамоми нусхаҳои маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд. Дар сомона тамоми чорабиниҳои дар Марказ гузаронидашуда саривақт инъикоси худро ёфтаанд.
Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор дорад. Дар соли 2023 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.
Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Покистон, Беларус ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои самарабахш дошт.
Татбиқи тадқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони Марказ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза дар соли 2023 шоистаи таҳсин буд. Марказ дар соли 2023 чаҳор тадқиқоти сотсиологӣ гузаронид, ки натиҷаҳои онҳо дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода бурда мешаванд.
Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда аъзои Шурои илмии Марказ, профессорон Сироҷиддин Комилов, Диловар Қодирзода, Пирӣ Ҷалилов, Ихтиёр Ашӯров ва Абдураҳмон Қурбонов фикру андешаҳои арзишманд иброз намуда, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказро дар соли 2023 мусбат арзёбӣ карданд.
Тибқи рӯзномаи Шурои илмиии Маркази тадқиқоти стратегӣ нақшаи кории Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, нақшаи кории Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ҳайати Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмию пажӯҳишии Шурои илмии Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод кард ва ба аъзоёни Шӯрои илмии Марказ барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон