Рӯзи 30 – сентябри соли 2024 ҷаласаи Шурои илмӣ – методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

– Тасдиқи ҳисоботҳои Раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2024.

– Муҳокимаи нашри китоб таҳти унвони «30 соли рушд дар ҷодаи таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ» (Бахшида ба 30–солагии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).

– Масъалаҳои гуногун

Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарипов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин, Одиназода сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ҷурахон Бобоев ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Валиҷон Олимзода дар бораи фаъолияти нуҳмоҳаи илмӣ ва методӣ ва бурду бохтҳои раёсатҳои Марказ гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методии дар давоми нуҳ моҳ ба иҷро расонидаи  ҳар як раёсати Марказ ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки кормандони Марказ дар давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Аъзои Шурои илми-методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар нуҳ моҳи соли 2024 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Ҳамзамон, барои пешрафти паҳлуҳои дигари фаъолияти Шурои илмӣ- методии Марказ дар ҷаласаҳои оянда, тавсияҳои муфид  аз ҷониби аҳли нишаст пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати  омода намудани китоб бо унвони   «30 соли рушд дар ҷодаи таҳлил ва тадқиқи давлатдории миллӣ», ки  ба 30–солагии Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида мешавад ва таҷлили ин ҷашн дар охори моҳи октябри соли равон дар назар аст,  фикру андешаҳои аъзои Шуро ба инобат гирифта шуд. Таъкид гардид, ки ба сифат ва мазмуну муҳтавои китоби мазкур диққати ҷиддӣ дода шавад ва маълумот аз ҷониби сардорони раёсатҳо пурра ва бо дарназардошти фарогирии далелҳои кофӣ ба китоб дохил карда шавад. Бинобар маҳдуд будани вақт, ҳамаи кормандони Марказ дар мураттаб намудани китоби мазкур саҳми худро гузоранд.

Дар интиҳои ҳамоиш, муовини якуми директори Марказ   Ораз Муртазозода аз фаъолият ва корҳои ба сомонрасонидаи раёсатҳо дар нуҳ моҳи соли 2024 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар зимни суханронии худ дар қатори фаъолияти назарраси кормандон, аҳаммият ва арзиши корҳои илмию методии раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ таъкид намуда, сипас ба фаъолияти минбаъдаи аъзои Шурои илми-методӣ барори кор ва комёбӣ таманно намуд.

Ҷаласаи Шурои илмӣ- методии Марказ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед