Рӯзи 9 январи соли 2020 ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон оғоз карда, дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат нуктаҳои асосие, ки дар самти ҷавонон ироа гардидаанд, суханронӣ  намуда.  Аз ҷумла қайд кард, ки ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз илмҳои техникӣ ва замонавӣ бархӯрдор бошанд ва дар асоси он дар рӯҳияи ватандӯстию садоқат ба миллат дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ қодир бошанд. Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: “Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад”.

Сипас муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стартегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Ҷангҳои иттилоотӣ дар замони муосир ва таъсири онҳо ба ҷавонон”  суханронӣ  намуд. Ӯ зикр  намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди техника ва техналогияи ҳозиразамон иттилоот ба сифати силоҳи асосӣ барои кишварҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Баъдан баррасии масъалаҳои ҷории Шӯрои ҷавонони Марказ доир гардида, барои боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти созмон таклифу пешниҳодҳои арзишманд шунида шуд.

Ҳамоишро Раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҷаласа барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 
Хадамоти матбуотии   Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед