Рӯзи 16 июни соли 2022 ҷаласаи Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022.
- Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: – “Технологияи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳои стратегии модернизатсияи истеҳсолоти саноатӣ” мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмозода дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид дод. Аъзоёни Шӯрои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию пажӯҳишии Марказ дар нимсолаи соли 2022 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар кори Шӯрои илмиву методӣ нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ дар нисолаи дуюми соли 2022 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода зимнан пешниҳод намуд, ки дар асоси шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров нақша-чорабинии алоҳида барои тадрис ва омӯзонидани кормандони Марказ таҳия гардад ва ба мақсади боло бурдани сатҳи донишҳои таърихии кормандони илмӣ ҳар ҳафта “Рӯзи “Тоҷиконхонӣ”-ро ба ҳукми анъана даровардан лозим аст.
Ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон