Рӯзи 1 июли соли 2021 ҷаласаи Шӯрои илмиву методии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ Парвиз  Муҳаммадзода  ифтитоҳ намуд. 

Тибқи рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:

  1. Ҳисобот оид ба иҷрои Нақша-чорабинии Марказ доир ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию тадқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2021.
  3. Доир ба иҷрои Нақша-чорабинии Марказ аз ҷониби раёсатҳо дар нимсолаи дуюми соли 2021.

Дар назди ҳозирин сардорони раёсатҳои Марказ доир ба натиҷаҳои корҳои   илмию таҳқиқотии раёсатҳои худ дар давраи ҳисоботӣ  мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.   Таъкид гардид, ки гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар  васоити ахбори оммаи давлатӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории  онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт  гузошта шудаанд. Дар баробари  ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  доир гардиданд,  ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.   

Музокирачиён ва муқарризон дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро  зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолияти минбаъдаи илмию пажӯҳишӣ тавсияҳои муфид доданд. Аъзоёни Шӯрои илмиву методии Марказ  пиромуни   фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар  шаш моҳи аввали соли 2021 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сардорони раёсатҳои Марказ вазифадор карда шуданд.    

Ҷаласаи Шӯрои илмиву методии  Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ Парвиз  Муҳаммадзода Абдураҳмон ҷамъбаст  ва натиҷагирӣ намуд.         

 

 Хадамоти  матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед