Рӯзи 1 апрели соли 2022 ҷаласаи Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи соли 2022.
- Баррасии нақшаи корҳои илмиву пажӯҳишии раёсатҳои Марказ дар нуҳ моҳи минбаъдаи соли 2022.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: – “Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳои стратегии модернизатсияи истеҳсолоти саноатӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Озода Қурбонмуродова дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Заминаҳои ташаккули инфрасохтори соҳибкории инноватсионӣ”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Комрон Ҳидоятзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ” мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуданд ва барои рафъи камбудищои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда тавсияҳои муфид доданд. Аъзои Шӯрои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар семоҳаи якуми соли 2022 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар Шӯрои илмиву методӣ нақшаи корҳои илмиву пажӯҳишии Марказ барои нуҳ моҳи боқимондаи соли 2022 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказро раиси Шӯрои илмиву методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон