Рӯзи 19 ноябри соли 2021 ҷаласаи Шӯрои илмию методии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор   Парвиз  Муҳаммадзода   ифтитоҳ намуда, қайд кард,  ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:

  1. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021.
  2. Нақшаи фаъолияти корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳои Марказ барои соли 2022.

Сипас дар назди ҳозирин муовини Раёсати омўзиши масъалаҳои амнияти минтаќавї Комрон Ҳидоятзода дар мавзӯи  кори илмию таҳқиқотии  Раёсат:–”Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимої, доктори илмҳои фалсафа, профессор  Абдураҳмон  Қурбонов дар мавзӯи кори илмию таҳқиқотии  Раёсат:–”Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии  сиёсати дохилї, номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриева дар мавзўи кори илмию таҳқиқотии  Раёсат: – “Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Озода  Қурбонмуродова дар мавзӯи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: – “Моҳият ва методикаи арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷї Бахтиёр Холиқов  дар мавзӯи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллї”, сардори Раёсати  тадќиќоти масъалаҳои соҳибкори ва инкишофи бахши   хусусї Амин Одинаев  дар мавзӯи  кори илмию таққиқотии  Раёсат:–”Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  сардори Раёсати тадќиќоти масъалаҳои соҳавї Фирдавс Насриддинов дар  мавзӯи кори илмию таҳқиқотии  Раёсат:–”Таҳаввули сохтории иқ­­ти­содиёт ва мушкилоти навсозии инно­ватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” мухтасаран гузориш  ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои муқарризони берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд.

Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ  дар  васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт  гузошта шудаанд. Дар баробари  ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  доир шуданд,  ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро  зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид  доданд. Аъзои Шӯрои илмию методии Марказ  пиромуни   фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2021 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар  кори Шӯрои илмиву методӣ  нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ барои соли 2022 баррасӣ ва муҳокима гардид.

Ҷаласаи Шӯрои илмию методии  Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмиву методии Марказ  Парвиз Муҳаммадзода ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова  ҷамъбаст  ва натиҷагирӣ карданд.

             Хадамоти  матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед