Рӯзи 21 феврали соли 2024 ҷаласаи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд:
–Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 (сардорони раёсатҳои Марказ).
–Гузориш доир ба нақшаи кории Шурои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ( раиси Шурои олимон ва мутахассисони ҷавони Марказ).
–Гузориш доир ба нақшаи кории Шурои занони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 (раиси Шурои занони Марказ).
–Маълумот доир ба нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 (раиси Комиссияи ҷамъиятии танзиму анъана ва ҷашну маросими Марказ).
–Маълумот доир ба нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратеги”-и Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 (Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег”-и Марказ).
–Масъалаҳои ҷорӣ.
Аъзои Шурои илмии Марказ доир ба бурду бохти фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2023 ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли 2024 фикру андешаҳои муфид ва арзишманд иброз намуданд. Аз ҷумла, раиси Шурои олимон ва мутахассисони ҷавони Марказ Саидаҳтам Талбакзода зимни суханронии худ қайд кард, ки Шурои олимон ва мутахассисони Марказ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд. Аъзои Шурои олимон ва мутахассисони ҷавон аз 20 нафар иборат мебошад, ки дар вазифаҳои гуногун фаъолият менамоянд. Онҳо мунтазам дар нишасту ҳамоишҳои илмии Марказ фаъолона ширкат меварзанд. Шурои мазкур бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва пайваста дар чорабиниҳои илмию сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии онҳо аъзои Шуро олимон ва мутахассисони Марказ иштирок менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Шурои олимон ва мутахассисони Марказ ташвиқу тарғиб ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин росто Шуро ҳамкории зич бо ҳама вазорату кумита ва муассисаҳои дахлдори соҳа дорад. Дар соли 2023 беш аз 50 суҳбату вохӯрӣ аз ҷониби аъзои Шурои олимон ва мутахассисони ҷавон дар ташкилоту муассисаҳо доир гардида, беш аз 136 мусоҳиба ва суханронӣ дар радиову телевизионҳои давлатӣ намуданд. Дар Марказ 4 нафар олими ҷавон соҳиби унвони номзади илм мебошанд ва 5 нафари дигар дар арафаи ҳимояи дараҷаи номзади илм қарор доранд.
Раиси Шурои занони Марказ Марҳамат Назирова зимни гузориши худ аз ҷумла зикр кард, ки дар Марказ аз шумораи умумии кормандон ҳамагӣ 27 нафар занону духтарон, аз ин шумора дар вазифаҳои роҳбарикунанда 7 нафар кору фаъолият доранд. Занону духтарон дар ҷодаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ҳам ташкилию ҷамъиятии Марказ ва берун аз он фаъол буда, дар баробари мардон саҳми арзанда мегузоранд.
Аз ҳисоби занон 3 нафар номзади илм мебошанд. Дар давраи ҳисоботии соли 2023 аз тарафи занону бонувони Марказ 1 адад монография, 24 адад мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва дигар маҷаллаҳои илмӣ ва 66 адад мақолаи илмию оммавӣ доир ба масъалаҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ба нашр расонида шуд. Занону духтарони Марказ дар самти ташкили конфронс, мизҳои гирд ва семинарҳои омӯзишии дохилӣ ва берунӣ низ фаъолона иштироку суханрониҳо намуданд. Аз ҷумла, дар 25 чорабинии илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ вобаста ба мавзуъҳои гуногун дар Марказ ва дигар вазорату идораҳо маъруза карда, дар беш аз 40 чорабинии дигари сатҳҳои гуногун иштироки фаъолона доштанд.
Муовини Раиси ташкилоти ибтидоии “Стратег”-и ҲХДТ Ораз Муртазоев зимни гузориши худ аз ҷумла қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии «Стратег» дар давраи ҳисоботӣ корҳои зерин ба анҷом расиданд:
–омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироагардида ва тарғиби нуктаҳои Паём дар байни аъзои ҳизб;
– нашри маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ дар асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 (шаҳри Душанбе, 23 декабри соли 2022);
–чопи дуюми такмилёфтаи Матни шиору овезаҳо бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон);
–бахшида ба рӯзҳои Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон нашри мақолаҳо дар матбуот ва мусоҳибаҳо дар телевизион ва радио ва ғайра.
Ҳамзамон, ташкилоти ибтидоии «Стратег»-и ҲХДТ дар сомонаи интернетӣ дар давраи ҳисоботӣ тамоми фаъолияти Марказро дар саҳифаҳои алоҳида ҷой дода, аз фаъолияти раёсатҳои он маводу хабарҳоро ҳамарӯза пахш менамуд. Инчунин, мақолаву маводи таҳлилии сиёсатмадорону таҳлилгаронро дар зери рубрикаҳои махсус ҷой додааст. Дар соли 2023 ба сомонаи интернетии Марказ беш аз 2 800 872 нафар хонанда ворид шуда, маводҳои онро мутолиа намудаанд.
Ташкилоти ибтидоии «Стратег»-и ҲХДТ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об барои ояндаи мо”, дар ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Забони миллат–ҳастии миллат”, дар мулоқоти собиқадорони соҳа бо насли даврони соҳибистиқлол таҳти унвони “Вохӯрии ду насл” бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши ҷавонони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон–пайравони Пешвои миллат” дар шаҳрҳои Душанбе ва Роғун, дар тамошои дастаҷамъонаи филми мустанади “Марде аз сарнавишт”, дар конфронси ҷумҳуриявии назариявию амалӣ дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон”, дар барномаи консертии идона таҳти унвони “Бо Пешвои миллатем”, дар ҳамоиши сиёсиву фарҳангии ҳизбиён таҳти унвони “Президенти мо–ифтихори мо”, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, фаъолона ширкат варзиданд.
Сипас чанд нафар аъзои Шурои илмии Марказ ба музокира баромада, дар бораи бурду бохти фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва ташкиливу тарғиботии кормандони Марказ дар соли гузашта ва вазифаҳои муҳиму таъхирнопазири онҳо дар соли 2024 фикру андешаҳои судманд баён карданд.
Ҷаласаи Шурои илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ намуд.
Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анљом расид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон