Рӯзи 3 июли соли 2023 ҷаласаи Шурои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023.
- Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарифзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат–“Муайян ва ояндабинии хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар замони муосир”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию тадқиқотии Раёсат–“Нақши амнияти иҷтимоӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеаи Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Алиназар Ашӯров дар мавзуи кор илмию тадқиқотии Раёсат–“Технологияи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи кори илмию тадқиқотии Раёсат–“Муаммоҳо вобаста ба таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию тадқиқотии Раёсат–”Авлавиятҳои соҳавии сиёсати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию тадқиқотии Раёсат–“Масъалаҳои ҳавасмандгардонии андозӣ дар рушди соҳибкории инноватсионӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи кори илмию тадқиқотии Раёсат– “Ташаккул ва рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун қисми таркибии саноатикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар бораи фаъолияти Раёсат дар нисолаи аввали соли 2023 мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ ва дигар сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, фаъолона ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки Марказ дар давоми нимсоли якуми соли 2023-юм 1 семинари илмию машваратӣ, 10 мизи гирд, аз инҳо 3-то дар шакли маҷозӣ ва 2-то конфронси байналмилалӣ, аз ин 1 маҷозӣ, 1 форум, 5 конфронси илмӣ-амалӣ вобаста ба мавзуъҳои зерин баргузор намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 435 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳои арзишманд дарҷ гардиданд, ки дар бахши тоҷикӣ–243 адад, русӣ–126 адад ва англисӣ–66 ададро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи аввали соли 2023 ба сомонаи Марказ беш аз 2 млн. нафар хонанда ворид шуда, маводҳои онро мутолиа намудаанд.
Масъулони Марказ дар сомонаҳои иҷтимоии фейсбуки интернет бо номҳои “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” ва “Стратег” саҳифаҳои махсус кушодаанд, ки тамоми чорабиниҳои Марказ дар онҳо пахш мегарданд. Дар сомонаи иҷтимоии фейсбукии гурӯҳи “Стратег” 749 нафар ва дар гурӯҳи “Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан” 631 нафар обуна шудаанд.
Кормандони Марказ дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 62 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштаанд. Дар нимсолаи якум соли 2023 шумораи умумии мақолаҳои нашркардаи кормандони Марказ дар матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ 91 ададро ташкил медиҳад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дар радифи аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр карда, барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид ироа намуд.
Аъзоёни Шурои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию пажӯҳишии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2023 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ дар нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Ҷаласаи Шурои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои илмию методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон