Рӯзи 20 июни соли 2022 ҷаласаи Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуд. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022.
- Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Сипас сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–”Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Озода Қурбонмуродова дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–“Мониторинги амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкори ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию таққиқотии Раёсат:–“Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Комрон Ҳидоятзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат:–“Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ”, мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмозода дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид дод. Аъзоёни Шӯрои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию пажӯҳишии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2022 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ дар нимсолаи дуюми соли 2022 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Хайриддин Усмонзода зимнан пешниҳод намуд, ки дар асоси шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров нақша-чорабинии алоҳида барои тадрис ва омӯзонидани кормандони Марказ таҳия гардад ва ба мақсади боло бурдани сатҳи донишҳои таърихии кормандони илмӣ ҳар ҳафта “Рӯзи “Тоҷиконхонӣ” ба ҳукми анъана дароварда шавад.
Ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон