Рӯзи 27 декабри  соли 2019  ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ  Диловар Қодирзода  кушода, тибқи  рӯзномаи ҷаласа  доир ба фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2019 ҳисобот ироа намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар дар соли 2019 бо мақсади амалишавии сиёсати хирадмандона, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фаъолият  намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Дар соли ҳисоботӣ Марказ дар доираи  нақшаҳои кории тасдиқшуда дар чунин самтҳо фаъолиятро ба роҳ монд:

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2019 дар тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

  • Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2019 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи 8 мавзӯъ сурат гирифт.

Дар соли 2019 корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ  бо сифат ва ба талабот ҷавобгӯ пешниҳод гардад. Ба ѓайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини натиҷанокии амалии тадқиқотҳо аз руи  нақша гузаронида шуд.

2.Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ 

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла  15 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ  олимону мутахасисон  аз дигар муассисаву ташкилотҳо низ дохил карда шуданд.

Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии  раёсатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол намуданд. Аз онҳо 114 гузориши таҳлилӣ,  иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1215 саҳифа иборат буданд.

  1. Иштирок дар Комиссияҳои ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони  Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ,  комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд.

  1. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ; пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи  ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат амалӣ намуд. Дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2019 дар Марказ 106 нафар  донишҷӯ  таҷриба омӯхтанд.

  1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро васеъ намуд.

Марказ  узви  Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

  1. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои  гирд

Дар  соли 2019 Марказ 26 чорабинии илмию амалӣ, аз ҷумла, 11 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, 12 мизи гирд, 1 брифинг, 1 семинари илмӣ, 1 симпозиуми миллӣ баргузор намуд.

Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар  сомонаи  МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд. Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор  шуданд,  бо 105 маърӯза суханронӣ карда,  беш аз 530 мусоҳиба дар васоити ахбори омма ироа намуданд.

  1. Фаъолияти нашриявӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони  “Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” китобча таҳия карда,  дар ҳаҷми 46 саҳифа бо теъдоди зиёда аз 250  нусха нашр  намуд. Инчунин,  дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои “Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар боби Наврӯз” дар  ҳаҷми  54  саҳифа дар ҳаҷми 100 нусха, “Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” (Душанбе: “Нашри Камол”, 2019, 168 саҳифа), “Маводи таблиѓотӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар ҳаҷми 16 саҳифа ва бо теъдоди 100 нусха ба табъ расонида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи хизматӣ  ирсол намуданд.

Дар давоми соли 2019 монографияҳои Абдураҳмон Қурбон  “Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон” (таҳлили иҷтимоӣ–фалсафӣ)  (Душанбе: «Ирфон», 2019.–220 саҳ.), “Илм ва Маориф» (тамоюл, мушкилот, дурнамо) (Душанбе: «Ирфон», 2019.–406 саҳ.) нашр гардиданд.

Дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи  Ҷумҳурии  Мардумии Чин  китоби муштараки “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” таълиф гардида, дар ҳаҷми 392 саҳифа, бо теъдоди 300 нусха нашр шуд.

  1. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо

Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти ҶТ дар соли 2019 бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон робитаҳои  хуби корӣ дорад.

  1. 10. Дар самти баргузории тадқиқоти сотсиологӣ

Дар давоми сол Марказ чунин тадқиқоти сотсиологиро гузаронид:

–Тадқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Омӯзиши афкори аҳолӣ доир ба  сатҳи ҷинояткорӣ, сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо он ва сатҳи  бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои ҷиноӣ” анҷом дод. Тадқиқот дар 32 шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ ва коршиносон (мутахассисони соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ) гузаронида шуда, дар он  3007 нафар  аҳолӣ ва 219 коршинос иштирок намуданд. Пурсиш дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд, Ноҳияҳои тобеи марказ, Хатлон ва ВМКБ  гузаронида шуд.

–Тадқиқоти сотсиологӣ  дар мавзӯи  “Муҳоҷирати ҷавонон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар” бо  тариқи пурсишнома ва пурсиши онлайнӣ гузаронида шуд. Ин тадқиқот дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруѓ ва Рашт доир гардид.

–Дар доираи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020” тадқиқоти сотсиологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Рашт, Шаҳритӯс тадқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Таҳлили илмии равандҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуд.  Тадқиқоти мазкур дар байни коршиносон, кормандони идораҳои давлатӣ, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеа ва аҳолӣ мусоҳибаҳо доир гардид.

–Тадқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Омӯзиши вазъи соҳибкории истеҳсолӣ дар доираи корхонаҳои саноатии ҶТ” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тариқи пурсиш (380 саволнома),  тадқиқоти сотсиологӣ таҳти унвони “Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тариқи мусоҳибаҳои рӯбарӯ (саволнома 330) ва ѓайра.

  1. 11. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи илмии “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”

Сомонаи интернетии Марказ ба таври доимӣ  фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои  Марказ дарҷ мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомона беш аз 520 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо дар  бахшҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шуданд.

Дар соли 2019 дар маҷаллаи  “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, №1 (64)–24 мақолаи илмӣ,  №2 (65)–18 мақолаи илмӣ,  №3 (66)–23 мақолаи илмӣ  ба нашр  расиданд. Шумораҳои №4 (67)–28 мақола ва №5 (68) – 22 мақола дар дасти чопанд. Инчунин,  тамоми нусхаҳои нашрияи мазкур дар шакли PDF дар бахши алоҳидаи  сомонаи интернетии Марказ гузошта шудаанд.

  1. 12. Корҳои ташвиқотӣ ва тарѓиботӣ

Дар соли 2019  роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарѓибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд: Исфара (Чоркӯҳ), минтақаи Рашт: Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, ВМБК саҳми фаъол доштанд. Онҳо дар давраи ҳисоботӣ  дар  муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 44  маротиба дар мавзӯъҳои муҳим ва актуалӣ  суханронӣ намуданд.

  1. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос дар ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Қирѓизистон ва  Ҳиндустон савияи донишу малакаи худро баланд бардоштанд ва такмил доданд.

Дар баробари ин, дар фаъолияти Марказ дар соли сипаришуда як қатор норасоиҳо ба назар расиданд, ки ислоҳи онҳо дар соли 2020 аз вазифаҳои муҳимтарин буда, барои тақвияти фаъолияти муассиса мусоидат мекунад. Ин камбудиҳо сари вақт насупурдани ҳисоботи дохилӣ доир ба корҳои илмию пажӯҳишӣ, дар сатҳи зарурӣ омода нагардидани гузоришҳои таҳлилӣ ва мақолаҳои илмию оммавии баъзе мутахассисон, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлат ба таври фаврӣ аксуламал нишон надодани сохторҳои Марказ, кам будани пешниҳодҳо доир ба ояндабинии стратегӣ доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва амсоли он мебошанд. Вобаста ба ин, дар соли 2020 аз ҷониби роҳбарияти Марказ, сохторҳо ва кормандони он бояд вазифаҳои мушаххас ба иҷро расанд.

Умед дорем, ки ҳалли мушкилоти ҷойдошта барои беҳбуди фаъолияти Марказ дар соли 2020 мусоидат намуда, дар натиҷаи он муассиса имкон пайдо мекунад, ки тибқи имкониятҳои мавҷуда дар амалӣ сохтани чунин ҳадафҳои бузурги низомномавии худ–таҳлил ва пешгӯйии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ дар Тоҷикистон,  таҳия ва роҳандозии стратегияҳои рушд дар ин самт, таҳқиқоти проблемаҳои таъмини манфиатҳои стратегӣ ва амнияти сиёсию иқтисодии мамлакат ва амсоли он саҳми бештар гузорад ва дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошад.

Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда аъзоёни Шӯрои илмии Марказ фикру андешаҳои муҳим иброз карда, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказро дар соли 2019  мусбат арзёбӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои илмии Марказ Нақшаи корҳои илмию тадқиқотиии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 муҳокима  ва тасдиқ гардид.

Ҷаласаи Шӯрои илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда,  барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмию пажӯҳишии Шӯрои илмии Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти  матбуотии, Маркази тадқиқоти

стратегии  назди

Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

Чоп кунед