Рӯзи 2 апрели соли 2024 ҷаласаи муштараки Шурои илмӣ ва методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи муштараки мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

 – Ҳисобот доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии раёсатҳои Марказ дар семоҳаи аввали соли 2024.

– Баррасии ба нашр расонидани монографияи сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Рустамҷони Сайдулло доир ба мавзуи “Равандҳои иқтисодию истеҳсолии маҳсулоти ватанӣ ва коркарду саноатикунонии он ҳамчун омили таъмини амнияти озуқаворӣ”.

– Баррасии ба нашр расонидани автореферати сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Одинаев А.И.

– Масъалаҳои ҷорӣ.

Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Нақши илм дар ташаккули сарвати инсонӣ ва такмили амнияти иҷтимоӣ дар шароити муосир”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарипов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллӣ- ҳамчун омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Таъсири афкори ҷомеа ва масъалаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Роҳҳои ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Масъалаҳои такмили асосҳои назариявӣ ва самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Амин Одинаев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: Мушкилот ва дурнамои таъминоти молиявии фаъолияти соҳибкории иннноватсионӣ”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Навсозии инноватсионии истеҳсолоти саноат дар марҳилаи муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов дар бораи фаъолияти семоҳаи Раёсат гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои навиштаи муқарризони берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки кормандони Марказ дар давоми се моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Аъзои Шурои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар се моҳи соли 2024 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Хайриддин Усмонзода аз фаъолият ва корҳои ба сомонрасонидаи раёсатҳо дар се моҳи аввали соли 2024 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар интиҳои суханронии худ дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ таъкид намуданд. Аз он ҷумла, мавсуф вобаста ба мавзуҳои корҳои илмӣ- таҳқиқотии раёсатҳо ибрози ақида намуда, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи асосӣ додан ба мазмуну муҳтаво ва истифодаи адабиётҳои наву муосир ва истифодаи бомавқеъу дурусти адабиётҳои илмӣ, ки ҷавҳари асосии корҳои илмӣ ба он алоқаманд аст, тақозои замон аст ва баҳри мукаммалу пухта гардидани корҳои илмӣ донистани забонҳои хориҷӣ нақши муҳимро мебозад. Аз ин рӯ, дар Марказ барои ҷалби кормандон ройгон машғулиятҳои забономӯзӣ, бахусус омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ташкил карда шудааст, ки барои дар сатҳи зарурӣ азхуд намудани забондонии шахс метавонад мусоидат намояд.

Ҳамзамон, барои пешрафти паҳлуҳои дигари фаъолияти Шуроҳои илмӣ ва методии Марказ дар оянда, тавсияҳои муфид аз ҷониби роҳбар ироа карда шуд.

Ҷаласаи муштараки Шурои илмӣ ва методии Марказ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед