Рӯзи 15 апрели соли 2020 ҷаласаи кормандони илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2020.
- Нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар семоҳаҳои баъдинаи соли 2020.
Сипас сардорони раёсатҳои Марказ доир ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳои худ дар семоҳаи якуми соли 2020 мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Қайд гардид, ки тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2020 дар семоҳаи соли ҷорӣ дар доираи самтҳои мазкур пажӯҳиш аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он;
- Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар;
- Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он;
- Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он;
- Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар;
- Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021–2025.
Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ба номи академик А. Баҳоуддинов Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Марказ аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 43 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе 1 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 11 нафар, дар маҷмӯъ, 55 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
Ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма (ВАО)
Кормандони илмии Марказ дар се моҳи аввали сол беш аз 102 мусоҳиба ва суханронӣ дар васоити ахбори омма намуданд.
Фаъолияти нашриявӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”-ро, китобча таҳия намуда, (дар ҳаҷми 80 саҳифа дар шакли электронӣ) ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ ирсол намуд.
Сомонаи интернетии Марказ
Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳаррӯза, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои зарурӣ ҷой дода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 150 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарҷ гардиданд.
Дар ин давра шумораи якуми маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” №1 (69) нашр гардид, ки беш аз 24 мақола, дар ҳаҷми 300 саҳифаро дар бар мегирад. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон ва кормандони Марказ метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.
Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар се моҳаи аввали соли 2020 роҳбарият ва кормандони илмии Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ ва идораҳои давлатӣ беш аз 22 буд.
Такмили ихтисоси кормандони Марказ
Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар Қазоқистону Ҳиндустон савияи илмиву забондонии худро такмил доданд.
Таъкид гардид, ки гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Муқарризон ва музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд.
Ҳозирин доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ доир ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбаст намуда, натиҷагирӣ карданд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон