Рӯзи 25 майи соли 2021 дар шаҳри Исломобод  таҳти раёсати Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти старатегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 16-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шакли видеоконфронси онлайнӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори Пажӯҳишгоҳи  таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон сафир Эъзоз Аҳмад Чаудҳари  ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас  танзимгари миллии Созмони Ҳамкории Шанхай  (СҲШ) аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ойиша Форуқӣ,  Котиби генералии СҲШ  Владимир Норов,  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ суханронии табрикӣ намуданд.

Баъдан роҳбарони ҳайатҳои намояндагон: директори генералии Шӯрои корҳои байналмилалии Ҳиндустон Т.С.Рагхаван, директори Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати назди Фонди Нурсултон Назарбоев Е.А.Салтибаев, ноиби Президенти Академияи проблемаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин, директори Маркази тадқиқоти стратегии Осиёи Шарқӣ ва СҲШ-и Институти тадқиқоти байналмилалии Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия А.В.Лукин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Иститути таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.А.Валиев суханронии табрикӣ намуданд.

Дар  бахши  аввали  Форум таҳти унвони ” Созмони Ҳамкории Шанхай  ва геосиёсати Авруосиёӣ: дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи амният байни аъзои СҲШ” дар радифи намояндагони ҳайатҳои дигар давлатҳо,  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқов ва дар бахши дуюм таҳти унвони  “Густариши ҳамкориҳои иҷтимою иқтисодӣ байни давлатҳои узви СҲШ”  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода маърӯза карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши потенсиали иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид ва  таъйид намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар ҷаласаи Форуми СҲШ намояндагони беш аз 30 муассисаи илмиву коршиносӣ ва пажӯҳишӣ  ширкат варзиданд. Аз рӯйи  ҷамъбасти ҷаласаи 16-уми Форуми СҲШ  тавсияҳо қабул карда шуд, ки  ба вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдори давлатҳои узви СҲШ ва котиботи ин  ташкилот фиристода мешавад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти  матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед