Рӯзи  29 сентябри соли 2020 дар шаҳри Бишкек  таҳти раёсати  Институти миллии  тадқиқоти ст аратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шакли видеоконфронси онлайнӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани табрикӣ директори Институти миллии  таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Э.С.Каптагаев ифтитоҳ карда, иштирокчиёни видеоконфронсро хайрамамақдам гуфт. Сипас ноиби сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон А.К.Мадумаров, ҳамоҳангсози СҲШ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон К.М. Кочконов, котиби генералии СҲШ В.И. Норов суханронии табрикӣ намуданд.

Баъдан роҳбарони ҳайатҳои намояндагон: директори генералии Шӯро оид ба корҳои байналмилалии Ҳиндустон Т.С.Рагхаван, директори Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати назди Фонди Нурсултон Назарбоев Е.А.Салтибаев, ноиби Президенти Академияи проблемаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин, директори Институти тадқиқоти стратегии шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон А.А. Чаундҳари, директори Маркази тадқиқоти стратегии Осиёи Шарқӣ ва СҲШ-и Институти тадқиқоти байналмилалии Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия А.В.Лукин, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Иститути таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.А.Валиев суханронии табрикӣ намуданд.

Дар  бахши  аввали  Форум таҳти унвони “Бунёди сулҳи устувор ва таъмини  субот дар минтақаи СҲШ: таҳдиду хатарҳо дар робита ба пандемияи коронавирус” дар радифи намояндагони ҳайатҳои дигар давлатҳо, роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи “Омили пандемия дар фаъолияти СҲШ дар соҳаи муқобилат ба таҳдиду хатарҳои нав” ва сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стетегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов дар  бахши  сеюми ҳамоиш таҳти унвони “Нақши Форуми СҲШ дар дурнамои ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳо доир ба бартарафсозии оқибатҳои пандемияи коронавирус (дар соҳаҳои тандурустии омма, назорати беҳдоштиву эпидемологӣ, ҳолатҳои  изтирорӣ, маориф, туризм ва ғайра)” дар мавзӯи “Таъсири пандемия ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи туризм дар фазои СҲШ:  мушкилот ва дурнамо”  маърӯза намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шароити пандемияи коронавирусро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши потенсиали иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид ва  таъйид намуданд.

Дар ҷаласаи Форуми СҲШ намояндагони беш аз 30 муассисаи илмиву коршиносӣ ва пажӯҳишӣ  ширкат варзиданд.

Аз рӯйи  ҷамъбасти ҷаласаи Форуми СҲШ  тавсияҳо қабул карда шуд, ки  ба вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдори давлатҳои узви СҲШ ва котиботи ин созмон фиристода мешавад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.


Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед