Рӯзи 18-уми июли соли 2023 маҷлиси ҳисоботию интихоботии солонаи ташкилоти ибтидоии «Стратег»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег» Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, пас аз интихоби котиботи ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт.
- Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег».
- Интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег».
- Қабули узви нави ҲХДТ.
- Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег” Хайриддин Усмонзода зимни ҳисоботи мухтасар доир ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур қайд кард, ки ҳизби сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин унсури ҷомеаи демократӣ тавассути интихобот метавонад номзад ва намояндагони худро ба мақоми намояндагӣ ва иҷроия пешбарӣ намуда, соҳиби ваколат намояд, ки маҳз онҳо барои амалӣ гардонидани барномаҳои ҳизб иқдом менамоянд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои вандӯстонаву наҷиб, ки сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ҲХДТ тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият талош меварзад, ки барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Инчунин, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати сарнаиштсози Роҳбари муаззами ҲХДТ мебошад. таъкид намуд, ки дарвоқеъ, рисолати ҳизби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, барои кишварҳое, ки низоми давлатдории демократиро интихоб намудаанд, бениҳоят бузургу масъулиятнок аст.
Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии «Стратег» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи Марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ХХДТ як қатор корҳои ташвиқотиву таблиғотиро ба анҷом расонида, дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташаккули маърифати ватандӯстӣ, татбиқи «Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025» ва амалишавии барномаҳои дигари давлатӣ саҳми муносиб гузошт. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег” Хайриддин Усмонзода ба ҳамаи аъзои ҳизб муроҷиат намуда, таъкид кард, ки минбаъд боз ҳам фаъолтар амал намуда, ҳар як узви ҳизб дар баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ ва амалӣ шудани талаботи ҳизбӣ чораҳои мушаххас андешида, баҳри иҷрои онҳо кӯшишу талош намояд.
Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Садриддин Ширинбекзода доир ба ҳисоботи солона ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег» ба музокира баромада, аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда изҳори қаноатмандӣ карда, фаъолияти онро қаноатбахш баҳогузорӣ намуд.
Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбонзода доир ба самаранокии фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як узви ҳизб суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки маҳз Раиси ҳизб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама шароит дар паҳлуи мардум бошанд ва афзалиятҳои умумимиллиро дар фаъолияти гуногунсамтаи худ амалӣ намоянд, ки дар байни мардум маҳбубияти зиёд пайдо намудаанд. Ӯ низ фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.
Сардори Раёсати таъминоти иттилотии Марказ Зубайдулло Давлатов ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов ба музокира баромада, дар бораи бурду бохти фаъолияти ташкилотии ибтидоии ҳизбии “Стратег” изҳори назар намуданд. Онҳо низ фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурдаро қаноатбахш донистанд.
Иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо як овоз раиси ташкилоти ҳизбии «Стратег» ва муовини ӯ сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии марказ Ораз Муртазоев интихоб гардиданд. Раиси тозаинтихоби ташкилоти ҳизбии мазкур ба иштирокчиёни ҷаласа барои бовариашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти минбаъдашон комёбиҳо таманно кард.
Дар охири ҷаласа ба узви нави ҲХДТ муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Саидаҳтам Талбакзода дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узвияти ҳизб супорида шуд.
Ҷаласаи ҳисоботиву интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стратег” дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон