Рӯзи 14 феврали соли 2020 ҷаласаи ҳисоботии  Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода,  тибқи рӯзномаи ҷаласа суханро ба раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ Умед Давлатов барои гузориш вогузор намуд. Ӯ дар бораи фаъолияти ташкиливу молиявиии Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ дар соли 2019 мухтасаран ҳисобот дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  83  нафар аъзои иттифоқи касаба кору фаъолият менамоянд. Аз онҳо 75 нафар дар басти пурраи доими кору фаъолият доранд. аз ҷумла: мардҳо 47 нафар, занҳо 28 нафар, аз ин миқдор 35 нафарашонро ҷавонон ташкил намуда, дар самтҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ  фаъолияти худро идома дода медиҳанд.  

Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ фаъолияти худро дар асоси талаботи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқи касаба, ҳуқуқ ва кафолати фаъолияти онҳо”, “Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ”, “Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Оинномаи Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон, Созишномаи Кумитаи Ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эъломияи ҳуқуқи башар ба роҳ мондааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  ҳар моҳ як дарсади маблағ аз ҳисоби музди ҳар як узви итифоқи касабаи Марказ ба фонди иттифоқи касаба аз шуъбаи муҳосибот гирифта мешавад, ки он ба ҳиссаҳои муайяншуда тақсим мегардад, аз ин миқдор 0,35 дарсади он ба  фонди Кумитаи иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ ва 0,65  дарсади он ба суратҳисоби Кумитаи иттфоқи касабаи Марказ ворид мешавад.

Дар соли 2019 ба суратҳисоби Кумитаи иттифоқи касабаи  Марказ маблағи муайян ворид гардид, ки  барои корҳои зерин  сарф карда шуд: аз  ҷумла: харидани туҳфаҳои хотиравӣ барои се роҳбари ба нафақа баромада, туҳфаҳои занон дар Рӯзи  Модар, таҷлили  ҷашни Наврӯз, туҳфаҳои хотиравӣ бахшида ба зодрӯзи кормандони Марказ, ки солҳои зиёд кору фаъолияти босамар намудаанд.

Инчунин, дар соли  2019 барои  аъзоёни Кумитаи иттифоқи  касабаи Марказ рӯзи истироҳат ва фароғат дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари дараи Ромит ташкил карда шуд. Барои харидани туҳфаҳои солинавӣ аз ҳисоби иттифоқи касаба  маблағи муайян сарф карда шуд.  Қайд кардан лозим аст, ки моҳи июли соли 2019 се нафар фарзандони кормандон ба истироҳатгоҳи бачагонаи “Файзи Истиқлол” ройгон аз ҳисоби фонди иттифоқи касаба фиристода шуданд.  Ҳамаи маблағҳое, ки барои корҳои фароғатию фарҳангӣ ва маърифатии кормандони Марказ  харҷ гардидааст, дар ҳисобот инъикос ёфта, барои он протоколу санадҳои лозима тартиб дода шуда, ба он  асноди тасдиқкунандаи  муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ замима шуда, нигоҳ дошта мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  аз фонди Кумитаи иттифоқи касаба ҷудо мегардад, ба ҳалли ҳама мушкилоти мавҷуда басанда набуда, талабу дархости аъзоёни иттифоқи касабаро қаноатманд гардонида наметавонад,  вале новобаста ба ин,  Кумитаи иттифоқи касаба дар доираи имкониятҳои дар ихтиёрдошта ба қадри имкон муроҷиати кормандонро қонеъ  месозад.

Роҳбарияти Марказ якҷоя  бо  Кумитаи иттифоқи касаба барои ҳалли масъалаҳои пайдогардида пайваста тадбирҳо меандешад ва амалӣ менамоянд. Аз рӯйи имконияти мавҷуда  бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ истироҳати дастаҷамъӣ, хариди маводи хӯрокворӣ, туҳфаҳои солинавӣ барои кӯдакон, баргузории нишастҳои фарҳангиву фароғатӣ бо даъвати санъаткорон барои кормандон ташкил намуданд.

Доир ба кумаку дастгирии роҳбарияти Марказ ба аъзоёни Иттифоқи касаба бояд гуфт, ки  бо пешниҳоди Кумитаи иттифоқи касаба ба роҳбарият  дар соли 2019 ба 8 нафар фарроши Марказ  ду бор ёрии молиявӣ аз ҳисоби фонди директори  Марказ  кумакпулӣ дода шуд. Ҳамчунин,  дар соли 2019 бо пешниҳоди Кумитаи иттифоқи касаба ба роҳбарияти Марказ  барои таъмин намудани аъзоёни иттифоқи касаба бо изофапулӣ барои ҳавасмандгардонӣ анҷом дод, ки бевосита ҳамаи кормандон дар ду марҳала (яъне тайи ду моҳ) бо изофапулӣ аз ҳисоби фонди музди меҳнати муассиса таъмин карда шуданд.

Тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2019, 34/10-34, кумаки хайрияи Марказ, ки аз маводи хӯрокворӣ иборат  буд, ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати таҳсилоти асосии №4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расонида шуд. 

 Кормандони Марказ дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ, ҳашарҳои умумӣ, чорабиниҳои ободонии пойтахт ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Хурраму зебогардонии  дохилу атрофи Марказ, ҳуҷраҳои корӣ бо маблағгузории худи  муассиса  таъмиру бо гулбутаҳои гуногун ороиш дода шуданд.

Гурӯҳи ҷавонони Марказ дар тамоми чорабиниҳои варзиши умумиҷумҳуриявӣ ҳамасола фаъолона ширкат менамоянд ва дар соли 2019-ум дувоздаҳ нафар ҷавони Марказ дар маъракаи варзишии  Дави Миллӣ иштирок намуданд. 

           Маркази тадқиқоти стратегии назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ниҳоди илмиву таҳқиқотӣ, таҳлиливу эҷодӣ ба ҳисоб меравад ва ягон манбаи даромади буҷавӣ ё иловагӣ надорад. Мушкилоти дохилии дастгирӣ намудани аъзоёни иттифоқи касаба, хусусан ҷавонон, ба назар мерасад, вале Кумитаи иттифоқи касаба ва роҳбарияти Марказ ҳама талаботи эҳтиёҷмандонро қонеъ карда наметавонанд.

            Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ минбаъд ҳам новобаста ба маҳдуд будани имкониятҳо кӯшиш менамояд, ки дар оянда низ дар якҷоягӣ ва дастгирии роҳбарияти Марказ аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда дархост ва таклифу пешниҳодҳои аъзоёни иттифоқи касабаи муассисаро қонеъ намуда, то қадри имкон мушкилоти онҳоро бартараф намояд. Ҳамчунин, барои фароҳам овардани шароити беҳтар ва мусоиди корӣ талош варзида, ҷалби бештари аъзоёни иттифоқи касаба дар маъракаҳои сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявӣ таъмин  мекунад.

         Сипас кормандони Марказ Саодат Ҷӯрахонзода, Абдуллоҳи Раҳнамо, Мирзо Ашӯров, Сайидхоҷа Акбаров, Хуршед Додхудоев, Қиёмиддин Сатторӣ, Рухшона Одилова, ва дигарон ба музокира баромада, фаъолияти яксолаи Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, қаноатбахш ҳисобиданд.

         Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа директори Марказ Хуршед Зиёӣ фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ташкилии кормандони Марказро дар соли 2019-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, вазифаҳои онҳоро дар соли 2020 баён ва мушаххас намуд.  

      Ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи  созанда баргузор  гардид.      

   Хадамоти матбуотии

Маркази стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед