Рӯзи 5 январи соли 2022 ҷаласаи ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои соли 2022 ба таври муфассал гузориш дод.
Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов, муовини сардори Раёсати мазкур Фарзона Худойдодова, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Фирӯз Рамазон, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ барои соли 2022 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ ва ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Дар охир, муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода суханронӣ карда, дар бораи бурду бохти фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли 2022 ибрози андеша намуд ва фаъолияти Маркази номбурдаро дар соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ҷаласаи ҳайати кормандони Марказро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони Марказ дар Соли Нави милодӣ, соли 2022, барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон