Рӯзҳои 20-ум, 21-ум ва 22 ноябри соли 2019 ҷаласаҳои навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Дар ҷаласаи рӯзи аввал сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Хуршед Додихудоев доир ба натиҷаи даҳмоҳаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи “Системаи амнияти минтақавӣ: роҳҳои ташаккули механизмҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ (нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ” ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов доир ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи “Таҳаввулоти иҷтимоӣ ва таъсири он ба амнияти иҷтимоӣ” гузориш доданд. Пиромуни гузоришҳо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, котиби илмии Марказ Рухшона Одилова, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Ойниёл Назриева, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабиниии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов, коршиноси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидхоҷа Акбаров, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯз Равшаналиев ва дигарон андешаҳои судманд баён намуданд.
Дар ҷаласаи рӯзи дуюм сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Парвин Нуриддин доир ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов доир ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи “Дидгоҳҳои усулӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои стратегӣ ва равандҳои амалӣ” гузориш ироа намуданд. Аъзоёни Шӯрои илмию методӣ бурду бохти фаъолияти илмии кормандони раёсатҳои номбурдаро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи рӯзи сеюм сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ доир ба натиҷаи даҳмоҳаи корҳои илмию тадқиқотӣ Шаҳноза Қаюмова дар мавзӯи “Мониторинг ва ояндабинии амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориш ироа намуд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Наҳтулло Назаров ва дигар аъзои Шӯрои илмию методӣ пиромуни гузориши мазкур фикру андешаҳо иброз намуданд.
Ҷаласаҳои Шӯрои илмию методиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини якуми директори Марказ Хуршед Зиёӣ, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Наҳтулло Назаров ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбасту натиҷагирӣ карданд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон