Тибқи қонунҳои амалкунанда таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки Пешвои муаззами миллаат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳар як вохурию суханрониҳояш бо роҳбарону фаъолон ба мардуми кишвар  вазифагузорӣ менамоянд.

Тавре расонаҳо иттилоъ додаанд, 15-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаи вокунишҳои рухдодаро таҳлил намуда, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани дастаҳои ҷинояткоронӣ дар ҷустуҷӯ қарордоштаро мавриди муҳокима қарор дода буданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомоти ҳизфи ҳуқуқ барои таъмини амнияти шаҳрвандони вилоят ба кор шуруъ намуд. Вазифаи асосии Ситод ҷустуҷӯи ҷинояткорон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра, равона гардида, як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд, ки дар мудати солҳои сипаригардида натиҷаи дилхоҳ додаанд.

Ситоди байниидоравии мақомоти ҳизфи ҳуқуқ муайян намуданд, ки саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович сокинони вилояти Бадахшон мебошанд. Тибқи маълумоти расонаҳои хабари аз ин гурӯҳҳои ҷиноии ноҳияҳои вилоят ба миқдори 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар навъи силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои таркандаи гуногун мусодира карда шуда, дигар амалиёти ҷустуҷӯйи то имрӯз идома дорад.

Дар натиҷаи баргузори чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мулоқоту вохурӣ бо фаъолону шахсиятҳои кордони вилоят аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, 14 нафари онҳо, ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, бо мақомот ҳамкориро идома додаанд.

Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ барои ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо равона гардида буд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои  амниятӣ 3053 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудаанд.  Нисбати 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бо маблаги 136663 сомонӣ ситонида шуда, дар ин самт андешидани дигар чораҳои фаврӣ идома дорад.

Ҳамзамон, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда шуда, наворҳои сабти видеоӣ васл шудааст.

Аз рӯйи талабот Ситод қотеъона таъкид мекунад, ки ин дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили  ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, мусодираи силоҳ, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият менамоянд. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷазои сазовор дода мешавад. Наворҳо оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Инчунин, аз рӯйи маълумотҳои санҷидашудаи Ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби баъзе аз ҷавонони сода вохӯриҳо – “сходка”*–ҳо ташкилу баргузор менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Ин гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ (ГМҶ) бештари вақт ба ҷамъомадҳо ҷалби ҷавононро дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко Поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” ташкил менамоянд.

Аз рӯйи дастурамал Ситоди муштарак  қотеъона изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷойҳо ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”–ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад.

        Иттилои нашргардидаи 17.11.2021 шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ дар бораи муноқишаи одамони яке аз саркардагони фаъоли ГМҶ     дар боло ишора гардидааст, ба кадом андоза ба ҳақиқат рост меояд, ки вазъи мардуми Бадахшонро ноором гардонад. Аз маълумот муайян мегардад, ки рӯзи 14.11.2021 нозирони постгоҳи БДА яке аз лидерони ғайрирасмии ГМҶ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевичро барои санҷиш қарор медиҳанд, ки дар ҳолати сарҳушӣ қарор доштааст, сабабгори руҳ додани муноқишаи шаҳрвандон ва захмӣ гардидани баъзе шахсон мегардад. Дар ин самт барои асли ҳодисаи рӯхдода тафтишот идома дорад.

Сарусадоҳое, ки оиди ин ҳодиса пахш гаштааст, ба монанди барканории собиқ раиси вилоят Ёдгор Файзов ба қазияи боздошти Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич рабт дошта бошад, захми гаштани одамон, ба гуфтушунид даъват намудани дигар лидерони ғайрирасмии минтақа ягон асоси воқеӣ надоранд.

Ёдовар менамоем, ки мақомоти ҳизфи ҳуқуқ бо саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва чанд нафари дигар ноябри соли 2018 созишномаи қонунӣ ба тавсиб расонида аст, ки онҳо набояд аҳдшиканӣ намоянд ва ба фаъолияти мақомоти қудратии вилоят дахолат на намоянд. Дар асоси ин созишнома лидерҳои Бадахшон уҳдадор шудаанд, ки аз амалҳое, чун ташкил ва роҳбарии гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, «сходка», ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки айни замон дар тамоми вилояти ВМКБ оромии ҳукумфармо буда, амнияти шаҳрвандон пурра таъмин мебошад. Танҳо баъзе нафарони нохалаф барои тағйири вазият сарусадоҳои бардуруғ паҳн менамоянд, ки ҳеҷгоҳ ба мақсади худ намерасанд. Дар охир бори дигар ёдовар мешавем, ки риояи қонун барои ҳама ягона буда, шахсони қонуншикан дар назди қонун ҷавобгаранд.

*Сходка–ҷамъомади гурӯҳи одамони ҷиноят пеша дар вақту макони муайян ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти якҷоя, одатан бо мақсади бадхоҳона.

Коршинос
Хоҷасаид А.

Чоп кунед