Шуруъ аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат бо дарки аҳаммияти илм ва нақши он дар рушди устувори мамлакат ба мақому манзалати аҳли илм тавваҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди маънавӣ ва моддии ин қишр тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуданд. Мунтазам гузаронидани мулоқоту вохӯриҳои судманд бо аҳли илми мамлакат намунаи ин гуфтаҳост.

Аз ҷумла, барои қадр кардани хизматҳои олимони ҷавон дар соҳаҳои мухталифи илми кишвар таъсиси ҷоизаҳои гуногун унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ ва дигар ҷоизаҳо намунаи беназири дастгирии олимони мамлакат аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар маҳсуб меёбад.

Равандҳои дар ҷаҳон ба амал омада истода, гувоҳӣ медиҳад, ки танҳо кишварҳои соҳибилм метавонанд ҳастии худро ҳифз намоянд. Имрӯзҳо дар пояи илм кишварҳо ҳастии худро муаррифӣ ва мустаҳкам карда истодаанд. Ба андешаи профессор С. С. Ятимов: “дар олам воқеяте нест, ки ҳангоми кӯшиши донистан аз чанголи пуриқтидори илм раҳоӣ ёфта тавонад.”

Таҳқиқ ва таҳлили равандҳои ҷаҳони муосир собит месозад, ки рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа метавонад дар рақобатпазирии давлатҳо имкониятҳои бештарро фароҳам созад.

Бо дарки гуфтаҳои боло илм ба соҳаи муҳиме табдил мегардад, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояду масъалаи тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ дар шуур, омили рушди устувор ва таконбахши соҳаи иқтисод ва амният дар ҳар як кишвар мегардад.

Ҳар шахс дорои ҷаҳони ботинӣ (маънавӣ) мебошад, ки дониш, эҳсосот, ақлро дар бар мегирад. Ҷаҳонбинӣ системаи назари инсон ба ҷаҳон ва мавқеи ӯ дар олам аст, ки ин мавқеъ маҷмӯи назарҳо, баҳоҳо, принсипҳо, арзишҳо, ғояҳо, дарки олам, инчунин мавқеи шахсро дар ин ҷаҳон ошкор менамояд. Ҳамчунин ҷаҳонбинӣ, рафтор ва амали одамонро дар ҷомеа муайян мекунад.

Дар амалия ва назария намудҳои зерини ҷаҳонбинӣ бештар маъмуланд:

  • ҷаҳонбинии муқаррарӣ – дар асоси таҷрибаи ҳаррӯза, ки аксаран ҳамчун ҳикмати “ҳаррӯза” зоҳир мешавад, махсусан дар байни намояндагони насли калонсол, ки робитаи мустақим бо илм надорад.
  • ҷаҳонбинии мифологӣ – дар асоси иваз кардани адабиёти бадеӣ ба воқеият, такя ба афсона, қисса ва ғайра;
  • ҷаҳонбинии илмӣ – ба донишҳои илмӣ асосёфта, ки амалан аз ҳар гуна тахмину шубҳа холӣ буда, манзараи ҷудогонаи илмии дунёро ифода мекунад.

Ҷаҳонбинии илмӣ ҳамчун омили пешбарандаи тафаккури инсон ба роҳи илм маҳсуб меёбад. Принсипи асосии ҷаҳонбинии илмӣ тафаккур ва дониши санҷишидашударо дар бар гирифта, ҳалли масъала бо роҳҳои ҷанбаи илмӣ маърифатӣ хулоса карда мешавад. Муҳаққиқони соҳаи ҷомеашиносӣ ва антропологӣ бар ин назаранд, ки нисбат ба дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ ҷаҳонбинии илмӣ гуногунадешиеро, ки бо ассосҳои илмӣ ташаккул ёфтааст ҳамчун асос қабул дорад ва нуктаи фарқкунанда низ дар ҳамин шинохти дониши воқеӣ инъикос меёбад.

Илм ва ҷаҳонбинии илмӣ, нақши он дар ҳаёти ҷавонон, яке аз масъалаҳое ба шумор меравад, ки ҳалли бештари ин масъала дар дасти худи ҷавонон боқӣ мемонад. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,3 миллион нафар аҳолӣ дорад, ки аз ин теъдод аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тавре ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.”

Баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ дар шуури ҷавонон, лозим меояд, ки ниҳодҳои иҷтимоӣ яъне оила, мактаб ва умуман тамоми муассисаҳо барои ташаккули он бо арзишҳои ахлоқии миллӣ саҳмгузор бошанд.

Намудҳои  муосири ташвиқи ҷавонон ба донишҳои илмӣ, аз қабили машғулиятҳои лексионӣ, дарсҳои маҳорат, конфронсҳо ва семинарҳо, ки бештар мазмун ва муҳтавои илмӣ доранд ва бо мавзӯъҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва технологӣ робитаи наздик доранд ташкил медиҳад. Ин падида барои ҷавононе, ки баҳри расидан ба  маърифати илмӣ талош мекунанд, роҳу ҷаҳонбинии навро барои вусъат бахшидани ҷаҳонбинии илмӣ имкониятҳои бузург, тақвияти омӯзиш, эҷодкорӣ ва табодули таҷриба боз мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар самти вусъат бахшидани ҷаҳонбинии илмии ҷавонон китобхонаҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ ва ниҳодҳои зеҳнӣ дар асоси ҳамоҳангсозӣ корҳоро дар роҳ вусъат бахшида, ҷиҳати фаро гирифтан ба донишҳои илмӣ ва шавқу рағбат пайдо кардан ба илму дониш нақши боризи худро гузоранд.

Шароити имрӯза саъю кушиши ташкили низоми муштараки ташаккули ҷаҳонбинии илмиро барои ҷавонон тақозо менамояд. Шароити ҳаматарафае, ки таввасути он ҷаҳонбинии илмии қишри ҷавон ташаккул меёбад, аз ҳар ниҳод фаъолияти пурсамари илмиро талаб менамояд.

Шарифхонзода Моҳира,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед