Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти масъалаи рушди ҳунарҳои мардумиро дарк намуда, ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳа тадбирҳои заруриро чораандешӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои омода шудани заминаи қонунгузорӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо андозӣ асос гузошт, аз ҷумла:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунарҳои мардумӣ” аз 20.06.2019, № 1619;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 28.10.2020, № 570;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Шурои ҳамоҳангсози ҳунарҳои мардумии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26.09.2020, № 502;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди рӯйхати ҳунармандӣ» аз 27.04.2021, № 154;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи касбҳои ҳунармандӣ” аз 26.06.2021, № 253.

Бахусус, Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” аз 18 феврали соли 2024, таҳти №73 ба имзо расид, ки мутобиқи он тайи солҳои 2024 – 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода мешавад:

– дар соли 2024 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2025 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ;
– дар соли 2026 – 20 грант ба андозаи 500 000 сомонӣ.

Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии иқдоми мазкур дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди минбаъдаи он ба соҳибкасб гардидани аҳолӣ, баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, зиёд гардидани соҳибкории хурд ва дар умум баланд шудани некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Халқи тоҷик дорои таърихи қадимаи бою ғанӣ буда, дар худ ҳунарҳои гуногуни аҷдодонро пос медорад. Фаъолиятҳои ҳунармандӣ ин меҳнати шахсии корманд дар асоси малака, таҷриба, технологияҳои хос бо истифода аз асбобҳои қадима ё муосир мебошад. Ҳунармандони мамлакат ҳунару маҳорати худро тӯли асрҳо аз насл ба насл мегузаронанд. Дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ тарғиби анъанаҳои миллӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ ва рушду такомули маҳорати насли оянда мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ҳанӯз аз солҳои пеш арзи ҳастӣ дошт ва дар байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи худро дошт.

Тибқи тадқиқотҳои гуногуни олимон ҳунару ҳунармандӣ дар заминаи анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта, маҳсули онро метавон дар ҷашнҳои гуногуни миллиамон, аз қабили Наврӯзи аҷам, Ҷашни Сада, тӯйҳои арӯсию домодӣ, гаҳворабандон ва дигар ҷашнҳои аҷдодӣ, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ бо сӯзанию кашидадӯзӣ ва кандакорию чӯбтарошӣ оро дода мешаванд, мушоҳида намуд.

Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва нақши он дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Зеро тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он на танҳо мероси таърихии ниёгони мо, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати тарғибу эҳё намудани ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки тибқи он чорабиниҳои сатҳи гуногун ба роҳ монда шуда, иҷрои он давра ба давра амалӣ мегардад.

Ҳамин тавр, Сарвари давлат бо мақсади дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ ва ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд ва таъкид намуданд, ки “…бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.”

Инчунин, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар ин самт аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуданд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа таккони ҷиддӣ бахшид.

Дар натиҷаи тадбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида, шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд гардида истодаанд. Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8041 нафар ҳунарманд фаъолият намудааст.

Аз шумораи умумии ҳунармандон 41,41% дар вилояти Хатлон, 32,92% дар вилояти Суғд, 17,32% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 6,91% дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1,43% дар шаҳри Душанбе фаъолият намудаанд. (www.stat.tj)

Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар соли 2023 ба 79,6 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022 -21,7% зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки вазорат бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии тобеи вазорат курсҳои кӯтоҳмуддат баргузор карда шуданд, ки дар он 13644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос таълим гирифтанд. (mehnat.tj)

Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023) иброз доштанд, ки “Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст”.

Ҳамин тавр, қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишвар барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба шуғли арзанда, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, муаррифии таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ барои ҷаҳониён шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Марказҳои гуногуни касбомӯзӣ, ки дар саросари минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд, ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ барои касбомӯзии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону занҳои хонашин имкон медиҳад, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии дӯзандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, ҷӯроббофӣ, қуроқдӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, ошпазию қаннодӣ, ҳунарҳои кандакорӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ, чӯбтарошӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо фаро гирифта шуда, баъди соҳибкасб гардидани онҳо аз тарафи масъулини соҳа бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шаванд.

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ

Назирова М.Н., н.и.с.,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ

Чоп кунед