Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазиру пораи хоки муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, шаҳри Хоруғ, ҳафт ноҳияи маъмурии Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон ва 43 ҷамоати деҳотро дар бар мегирад.

Дар воқеъ, бо эътирофи таҷрибаи ҷаҳонӣ новобаста аз хурд ва ё бузургӣ рушди дилхоҳ давлат ва бақои миллат аз пойдории сулҳу оромии ҷомеа ва минтақа вобастагии калон дорад. Бинобар ин, 97 дарсади масоҳати ВМКБ кӯҳсор буда, Бадахшонро ҳамчун гӯшаи зебоманзари сарзамину Боми Ҷаҳон низ меноманд. Дар ин росто, аз таҳлилҳои омории зарфи 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ айён мегардад, ки роҳбарияти олии кишвар роҳи хеле вазнину мураккаби иқтисодиётро сипарӣ намуда, то имрӯз ба хотири рушди ВМКБ ҷиҳати мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Муҳиму беназир он аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2023-юм Бадахшон таҳти таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, аз қабилӣ:

  • дар вилоят ММД зиёда аз 520 миллион сомонӣ расид ва нисбат ба ҳамин давраи як соли қаблӣ 8,1 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи он ба ҳар сари аҳолии вилоят 2 ҳазору 238,7 сомонӣ афзоиш ёфт;
  • бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,2 дарсад таъмин карда шуд. Дар натиҷа, нисбат ба нақша беш аз 4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки ба ҷойи 95 миллиону 831 ҳазор сомонӣ, 99 миллиону 901,2 ҳазор сомониро ташкил намуд;
  • андози иҷтимоӣ бошад, дар маҷмуъ ба андозаи 103,6 дарсад иҷро гардида, нисбат ба нақша 960,1 ҳазор сомонӣ бештар мебошад;
  • ба маблағи 238 миллион доллар амали гардиданӣ 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, ки маблағи азхудкардашуда муодил ба 1,3 миллиард сомонӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» махсусан раванди саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ дошта, кафолати рушди устувор мебошанд. Дар ин муддат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар вилоят ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо муҷаҳаз гардонидани технологияҳои муосир шаш корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар асоси маълумотҳои оморӣ корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба миқдори 75,1 миллион сомонӣ маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ истеҳсол ва хизматрасонӣ намудаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди вилоят бо эълон гардидани солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» тибқи нақша 92 корхонаи дигари саноатӣ бо таъсиси беш аз 1400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки танҳо соли равон ба истифода додани 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва сабади истеъмолӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди вилоят 2 ҳазору 895 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки аз он:

  • 108 адад хоҷагиҳои деҳқонии шахсони ҳуқуқӣ;
  • 2 787 дигар хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мебошанд.

Дар шароити ҷаҳонишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳисобида шуда, он дар ҳалли вазифаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат нақши калидиро мебозад. Бо дарназардошти ин, дар масоҳати умумии 5,51 га дар ҳудуди вилоят:

  • 243 адад гармхонаи мавсимӣ;
  • 1 адад доимоамалкунанда пурра фаъолият менамоянд, ки бештар дар онҳо маҳсулотҳои дар таркибӣ сабади истеъмолӣ воридшуда, парвариш карда мешаванд. Дар ин радиф, дар масоҳати 420 метри квадратӣ сохтмони 7 гармхонаи муосир ба нақша гирифта шудааст.

Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо дар вилоят барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 40 анборхона ва 3 сардхона дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Маҳз, теъдоди анборхона ва сардхонаҳои мазкур боиси захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз лиҳозӣ картошка ва меваву сабзавот гашта истодаанд, ки ба таври зарурӣ ба кор бурда мешаванд.

Дар бахши маорифи вилоят бошад, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо кадрҳои омузгорӣ ба миқдори 449 нафар мутахассисони ҷавон, ки 130 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ хатмкардаи мактабҳои олии кишвар мебошанд, роҳхат дода ва фиристонда шуданд. Инчунин, бо ҷалби 140 миллион сомонӣ сохтмони 11 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки се адади онро кӯдакистон ташкил медиҳад.

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир моҳи ҷорӣ бо иштироки беш аз 400 нафар дар маркази маъмурию фарҳангии ВМКБ – шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест – 2023» баргузор карда шуд, ки аз 28 созишномаи дар соли 2022 ба имзо расида, 12 адади он ба маблағи 210,0 млн. сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар ин раванд, ба маблағи 739,4 млн сомонӣ корҳо дар 14 лоиҳа ҷараён доранд. Ҳамзамон, соли равон тибқи нақша 2 созишнома низ ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ роҳандозӣ мегардад.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти кишвар буда, имрӯз 50 адад ширкати сайёҳӣ, 164 адад меҳмонсарой ва 33 адад меҳмонхонаҳои хурду миёна дар ҳудуди вилоят фаъолият менамоянд. Маҳз, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои афсонавӣ боиси ҷалби диққати сайёҳон гардида, давоми шаш моҳи соли 2023 дар асоси маълумотҳои дидбонгоҳҳои доимамалкунандаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз, ба ҳудуди ВМКБ 4807 сайёҳ ворид гардидааст, ки аз он 1954 нафарро сайёҳи хориҷӣ мебошанд.

Сарфи назар аз душвориҳои ҷойдошта, роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст кардани сатҳи вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ ва ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ба истифода додани миқдори зиёди коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ мусоидат карда истодааст. Барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва баистифода додани коргоҳу корхонаи нави саноатӣ, беш аз пеш чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамин тавр, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 иншоот бунёд хоҳад шуд. Тибқи нақша ва берун аз он, соли ҷорӣ зиёда аз 400 иншооти гуногун мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 

Муртазоев О.Қ., сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед