Моҷарои чанд рӯзи охир дар сарҳад хеле доманадору печида буд, аммо новобаста аз ин ҳодисаи Ворух барои миллату давлати мо се нуктаи муҳимро исбот намуд, ки дарку дар хотир доштани онҳо барои ояндаи миллату давлат ва системаи таъмини амнияти миллӣ хеле муҳим аст, ки дар зер онҳоро барои хонандаи андешаманд баён менамоем:
Масъалаи аввал ин аст, ки ҳодисаи Ворух нишон дод, ки миллати тоҷик ва ҷавонмардони он ғайрати қавии муҳофизатӣ ва шукӯҳи бузурги набардро бо душман соҳибанд. Ин манзара, воқеан ба рӯҳияи миллии мо таъсири мусбат гузошт. Чунин қаҳрамонӣ ва омодабошии миллат барои муҳофизати сарҳади давлат дидгоҳи нави шинохти арзишҳоро бавуҷуд овард. Яъне, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба Ворух сафар намудани ҷавонмардон, андешаи баъзе аз таҳлилгарон, ки мепиндоштанд, дар мамлакат ҳанӯз ҳам маҳалгароӣ ҳаст, ботил намуд. Аз Зарафшону Бадахшон то Хатлону Кулобу Ҳисору Рашту Хуҷанд мавҷ-мавҷ ҳаракат намудани ҷавонмардон баҳри ҳимояи як гушаи Ватан шаҳодати он аст, ки тули ин солҳо ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон комил, мустаҳкам ва фарогир гардидааст. Яъне, имрӯз ҳам дидгоҳ ва ҳам амали шаҳрвандон бар пояи тоҷик будан шакл гирифтааст.
Масъалаи дуюм ин аст, ки миллат ба Ҳукумати кишвар эътимоди қавӣ дорад. Бар хилофи андешаҳои радикалии баъзе мухолифини давлат, ҳодисаи Ворух собит намуд, ки миллат ва давлат, ҳукумат ва мардум дар Тоҷикистон ба нерӯи ҳамдигарӣ боварӣ, эътимод ва эҳтиром доранд. Ин ҷиҳати масъала хеле муҳим буда, бо дарназардошти чунин шакл гирифтани мавзӯъ, гуфтан мумкин аст, ки дар кишвар масъалаи эътирофу боварӣ байни Ҳукумати мамлакат ва мардум қавӣ ва шикастнопазир аст, ки ин дар сарнавишти ояндаи давлатдории мо хеле нақши бориз дорад.
Масъалаи сеюм ин аст, ки ҳодисаи Ворух собит намуд, ки баъзе мухолифини имрӯзи мо на танҳо мухолифи Ҳукумат, балки мухолифи Давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ ҳастанд. Чаро? Барои тасдиқи ин андеша аз дидгоҳи илми сиёсӣ чанд мисол аз воқеияти амалкардҳои охири онҳо баён менамоям, ки андешаи мазкурро тасдиқ менамояд.
- Одатан ҳангоми зуҳури мушкилоте, ки ба сарнавишти миллату давлат таҳдид, мекунад, гурӯҳҳо дар як сангар қарор мегиранд. Манфиатҳои сиёсиро канор мегузоранд ва фаъолияти асосиро ба самти ҳалли мушкилот равона месозанд. Аммо дар чанд рӯзи охир мушоҳида гардид, ки мухолифин дар фазои иттилоотӣ на дар сангари умумӣ, балки дар сангарҳои зидди давлатӣ қарор гирифтанд;
- Дар муддати як ҳафта, саҳифаҳои мухолифин дар шабакаҳои иҷтимоӣ он қадар зидди Тоҷикистон маълумот нашр намуд, ки ҳатто ҷониби дуюм қирғизҳо ҳам чунин маълумот зидди мо нашр накардаанд. Ҳатто созишномаи рӯзи 01.05.2021 байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даст омадаро мухолифин бохти Тоҷикистон муаррифӣ намудаанд. Яъне, мухолифин дар ҳама ҳолат кӯшиш доранд, масъалаҳо бар зарари Тоҷикистон ба анҷом расад. Албатта, ин шакли мавқеъгирии мухолфин зидди манфиатҳои миллати мо аст. Муносибат ва амалкардҳои ҳафтаи охири мухолифин маънои онро дорад, ки онҳо мухолифи миллати тоҷику давлати Тоҷикистонанд.
Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.