Мардуми тоҷик яке аз миллатҳои тамаддунофару соҳибфарҳангест, ки тули ҳазорсолаҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ баҳри пешбурд ва рушди ин сарзамин саҳми арзандаи худро гузоштааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо, садҳо далелҳои таърихӣ ва ҳазорҳо воқеятҳои инкорнашаванда мавҷуд мебошанд. Роҳбари олии мамлакат, Ҳукумати кишвар ва халқи шарафманди тоҷик ҳамеша талош менамоянд, ки халқҳои олам дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботу якдигарфаҳмӣ бо ҳам рушд намоянд. Маҳз аз ин ҷост, ки ғояи меҳварии давлатдории миллати моро дар шароити муосир сиёсати сулҳмеҳвар ташкил медиҳад. Аммо бояд зикр намуд, ки на ҳамаи кишварҳо ба ғояи сулҳофарии миллати тоҷик ҷавоби мусбат додаанд:

Тоҷику қирғиз солҳои сол бо ҳам муносибати нек дошта, ҳамеша дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ бо ҳамдигар умр ба сар бурда, дар ғаму шодии якдигар шарик буданд. Аммо баъди он, ки роҳбари Ҷумҳурии Қирғизистон – Садир Жапаров ва Раиси КДАМ – Қамчибек Тошиев қудратро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба даст оварданд, байни ду миллат нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад. Ин кори онҳо бесабаб нест. Баъди ба сари қудрат омадан ин ду ашхос, бар ҷойи он, ки барои пешрафти давлати худ тамоми неруи худро сарф намоянд, онро ғорат намуда, пояи кишвари Қирғизистонро фалаҷ намуда истодаанд ва барои гуноҳои худро рӯйпуш намудан, ба чашми мардуми худ хок пошида аз миллати тоҷик душман сохта истодаанд. Дарвоқеъ, амалиёти мусаллаҳонаи ҷониби Қирғизистон ба муқобили сокинони осиштаи назди марзии Тоҷикистон далели гуфтаҳои ҳамин воқеиятҳост. Маҳз баъди ба сари қудрат омадани Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев даргириҳои мусаллаҳона дар сарҳади ду кишвар ба авҷи аъло расид, ки аз ҳар ду тараф талафоти ҷонӣ дида мешавад. Дар ҳақиқатан аз афроде, ки донишгоҳи тарбияи ҷисмониро хатм намудаасту тасаввуроте доир ба давлатдорӣ надорад, аз ин зиёдро интизор шудан ғайриимкон аст. Ин гуна шахсон мисли Садир Жапаров ва Қамчибек Ташиев ғайр аз ғоратгарӣ ва бозӣ бо ҷони одамон дигар тасаввуроте ҳам надоранд. Бар замми ин, онҳо мехоҳанд, ки дар чашми ҷомеаи ҷаҳон миллати баномуси тоҷикро дар амалкардҳои бади худ гунаҳгор намоянд, аммо ба мақсади худ ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид.

Баъди амалиёти ҳарбии ҷониби Қирғизистон ба дидбонгоҳҳо ва минтақаҳои аҳолинишини Тоҷикистон, ки аз санаи 14 то 17 уми сентябри соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, нишона аз сиёсати ғаразноки роҳбарияти Қирғизистон аст. Зеро онҳо манфиатҳои шахсии худро болотар аз манфиатҳои мардуми кишварашон гузоштаанд.

Сиёсати пешгирифтаи роҳбарият Ҷумҳурии Қирғизистон ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Умедвор ҳастем, ки ақли солим дар ҳукумати ҳамсоя кишвар боло мегирад ва муноқишаҳои сарҳади бо роҳи гуфтушунид ҳаллӣ худро хоҳанд ёфт.

Муҳаммад Муродов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед