Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон бо саъю кӯшиши бунёди ҷомеаи одилона ва мутаносиб, ки дар он ҳар фард имкони пурра амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои худро дорад, хос аст. Воқеан ҳам, Ҳукумати кишвар ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мубориза бо табъиз, зӯроварӣ ва дигар шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Яъне, дар доираи сиёсати ҳукумати кишвари мо ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии ёрии ҳуқуқӣ ва адолат, инчунин мусоидат ба таҳкими институтҳои демократӣ ва волоияти қонун таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба ва татбиқи таҷрибаи пешқадам барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда нигаронида шудааст. Инчунин, сиёсати давлатии кишвар барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки дар он ҳар як шаҳрванд имкониятҳои баробар дошта, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳифз карда мешаванд, равона гардидааст.

Тавре маълум санаи 5 августи соли 2023, таҳти №357 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Қабули чунин стратегия иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона аз замони аввали соҳибистиқлолии худ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи хоса дорад. Инсонро арзиши олӣ дониста, ҳимояи ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯро дахлнопазир эълон намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрӣ – ҳуқуқӣ тамоми ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва ҳимоя менамояд. Пеш аз оне, ки инсон таваллуд шавад, Конститутсия ба ӯ ҳуқуқи зистанро медиҳад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. (Моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Аҳамияти стратегияи мазкур барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 як иқдоми саривақтӣ ва муҳим барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Стратегияи мазкур ҳадафҳо, самтҳо ва афзалиятҳои асосиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои 15 соли оянда муайян мекунад.

Яке аз сабабҳои таъхирнопазирӣ қабули чунин стратегия зарурати таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад. Ин таъмини ҳуқуқу озодиҳои баробари ҳамаи шаҳрвандон, ҳимоя аз табъиз, зӯроварӣ ва дигар намуди поймолкунии ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад.

Илова бар ин, стратегия ба ниёзҳо ва чолишҳои кунунии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷавобгӯ мебошад. Он ба ҳалли мушкилот, аз қабили коррупсия, дастрасӣ ба таҳсилот ва тандурустӣ, поймол кардани ҳуқуқи занон, кӯдакон ва гурӯҳҳои дар канормондаи аҳолӣ нигаронида шудааст.

Дар стратегия ҳамчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус тасвиби конвенсияҳои байналмилалӣ ва ширкат дар механизмҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба назар гирифта шудааст. Он ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикон бо мақсади табодули таҷрибаи пешқадам ва дастгирии татбиқи стратегия мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 имкони таҳкими институтҳои демократӣ, волоияти қонун ва пешрафти иҷтимоӣ дорад. Он барои рушди ҷомеаи одилона ва созгор замина фароҳам меорад, ки дар он ҳар як инсон озодона, бо шаъну шараф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои худ зиндагӣ карда метавонад.

Шарҳи ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Стратегияи миллӣ

Ҳадафи асосии Стратегияи мазкур таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, мебошад.

Дар маҷмуъ, Стратегияи мазкур аз 5 қисм, 53 банд, 8 вазифаи асосӣ бо дарназардошти 5 принсипи асосӣ иборат мебошад, ки тамоми паҳлуҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро фаро мегиранд.

Аз ҷумла, принсипи 3-юм, ки дар банди 46-уми қисми 4 дарҷ гардидааст, ин возеҳу шаффоф амалӣ намудани Стратегияи миллӣ бо мақсади ҷалбӣ ҳарчи бештари шахсони манфиатдор ба амалигардонии ин ҳуҷҷат ва мониторинги он мебошад. Бо дарназардошти зикр намудани аҳамияти иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар таҳия ва татбиқи стратегия, метавон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон зимни татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мавқеъгирии тамоми қишрҳои ҷомеаро ба назар мегирад.

Самтҳои асосии Стратегияи миллӣ

Дар хусуси баррасии самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои дар стратегия зикргардида бояд қайд намуд, ки стратегияи мазкур аз 20 самти асосии фаъолият иборат буда, баррасии тадбиру меъёрҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як самт пешбинӣ шудаанд, доираи амалишавии стратегияро муайян менамоянд.

Мониторинг ва арзёбии самараноки Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои амали он ба тартиби муқарраргардида дар мӯҳлати тамоми давраи амалисозии он анҷом дода мешавад. Бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба амалигардонии Стратегияи миллӣ ҷалб мешаванд, машваратҳо гузаронида хоҳад шуд.

Аҳамияти шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва механизмҳои ҳуқуқи инсон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зиммаи худ гирифтааст, аҳамияти ҷиддӣ дода, оид ба таҳияи сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мутобиқсозии қонунгузории кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ кӯшишҳо анҷон медиҳад ва мунтазам ислоҳоти низоми давлатдориро бо истифода аз муносибатҳои ба ҳуқуқи инсон асосёфта мегузаронад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва аъзогӣ дар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ заминаи мустаҳкамро барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷумла  СММ гузоштааст. Барои амалисозии уҳдадориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон давлат дар сатҳи миллӣ механизм ва расмиётро оид ба такмили қонунгузории миллӣ ва амалия таҳия мекунад.

Амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва нақшаҳои амали он бо фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар ҳама давраҳо таъмин карда мешавад.

Механизмҳои иртибот ва иштироки шаҳрвандон дар раванди татбиқи стратегия

Стратегияи миллӣ ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг карда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад.

Стратегияи миллӣ воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Натиҷаҳо ва манфитаҳои пешбинишуда аз татбиқи бомуваффақияти стратегӣ

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои давраи то соли 2038 тасдиқ гардидааст, як ҳуҷҷате мебошад, ки ҳама ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳатто сатҳӣ зиндагии шаҳрвандонро низ фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар робита ба эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ дар қисми 30-юми банди 2 оварда шудааст, ки ҳуқуқ ба муносибати инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ, як қатор чораҳои маҷмуиро дар бар мегирад, ки ба беҳтар гардонии шароити нигаҳдории шахсоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, равона гардидаанд. Лозим ба қайд аст, ки масъалаи робита ба манъи ғуломӣ ва пешгирии савдои одамон низ дар банди 31-уми қисми 2  ишора гардидааст.

Дар масъалаи мустақилияти судӣ тавсия шудааст, ки оид ба таъмини салоҳиятнокӣ, мустақилӣ ва ивазнашаванда будани судяҳо чораҳои самаранок, аз ҷумла бо роҳи таҷдиди назар намудани тартиби таъин, пешравӣ дар хизмат ва озод намудани онҳо, таъмин намудан бо музди меҳанти арзанда, кам кардани ваколатҳои аз ҳад зиёди прокуратура ва ба комиссияи тахассусӣ додани мустақилият чораҳои самарабахш андешанд.

Ҳамчунин дар банди 42-юми қисми 2 робита ба тақвият бахшидани кушишҳо оид ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ миёни кӯдакон аз ҳисоби сабук кардани таъсири буҳрони иқтисодӣ ба кӯдакон, таваҷҷуҳи махсус додан ба мушкилоти оилаҳо ва кӯдакон ҳангоми таҳияи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бояд тадбирҳои мақсаднок оид ба ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии камбизоатӣ ба инкишофи онҳо, тандурустӣ ва таҳсилоти онҳоро дар бар мегирад таъкид карда шудааст.

Дар банди 46-уми қисми 3 низ фаъолнокии шаффофтар ва низоми ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди таъкид қарор гирифтааст: Муносибат ба ҳуқуқи инсон асос ёфта, ки барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти ҳуқуқи инсон хизмат карда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ (дар ҳама зинаҳои давлатӣ) иҷрои уҳдадориҳоро пешбинӣ мекунад, ки бо ин роҳ фаъолнокии шаффофтар ва низоми ҳисоботдиҳии давлатӣ муҳайё карда мешавад.

Дар банди 47-и қисми 4-и Стратегия бошад, таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳияи механизмҳои самараноки пешгирӣ ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои худсарона маҳрум сохтан аз ҳаёт, таъмини кафолати асосии ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида, муттаҳид шудан, ҷамъомадҳои осоишта ва эътиқоди динӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи ҳама гуна шакли табъиз мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва ғайра дарҷ гардидааст, ки ин гувоҳи баланд бардоштани эътибори инсону арзишҳои инсонӣ буда, кафолати зиндагии хуб доштан дар шарои кунунии кишварро медиҳанд.

Хулоса, Стратегияи мазкур барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона гардида, дар баланд бардоштани мавқеи ҳуқуқии шаҳрванд саҳми арзанда мегузорад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки дар таҳияи стратегияи мазкур вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар тамоми самту соҳа ба назар гирифта шудааст.

Аз ҷониби дигар, стратегияи мазкур тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад.

Дар маҷмуъ, ҳуҷҷати номбурда воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Санади мазкур, ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муосидат менамояд.

Саидаҳтам Талбаков,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед