Ватан, сарзамин ва фарҳангу муқаддасоти таърихӣ олитарин арзишҳое ҳастанд, ки ҳар як инсон барои ҳифз ва бузургдошти он бояд ҷони худро дареғ надорад. Дар ин замина, ҳар як миллату халқият дар тӯли таърих пайваста тамоми кӯшишу нерӯи худро барои ҳифзи ин арзишҳои воло ва расидан ба истиқлолият равона мекунад. Хушбахтона, миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик бо амри таърих тавонист, ки дар як марҳилаи таърихӣ ба истиқлолияти давлатӣ расида, миллати тоҷикро зери як парчам муттаҳид намояд. Расидан ба ин ормони таърихӣ кори саҳл набуда, дар ин муддат миллати мо як роҳи хунину сӯзонро паси сар кард. Билохира, бо расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ мардуми сарбаланди тоҷик роҳи рушду шукуфоӣ, якпорчагиву субот ва ваҳдату ягонагиро интихоб намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланди дастовардҳои беназир қадам мегузорад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд нафароне, ки ин дастовардҳои беназирро нодида гирифта, боз ҳам кӯшиш менамоянд, ки вазъи субот ва амнияти кишварро зери хатар гузоранд. Махсусан, бо дидани наворҳои варзишгар Чоршанбе Чоршанбиев, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, дили ҳар як инсони солим ғаш мегирад. Мазмун ва муҳтавои аксари наворҳои видеоии Чоршанбе ба бедор намудани ҳисси маҳалгароӣ ва хусумати маҳаллӣ равона шуда, бо пахши ин маводҳо кӯшиш намудааст, ки аҳолии як минтақаро ба ташкили бетартибиҳо, ангезаҳои ҷамъиятӣ ва вайрон намудани сохти конститутсионии мамлакат даъват намояд.

Дар яке аз наворҳои худ, Чоршанбе мегӯяд, ки “парчами Бадахшон зери хок шудаасту, ӯ ҷавонмардона ин парчамро ҳатто дар танҳоӣ боло хоҳад бардошт”. Ин нишонаи камсаводӣ ва ноқисулақлии Чоршанбе буда, ин шахс огоҳона рамзҳои давлатии кишвари моро нодида мегирад. Инҷо номаълум аст, ки Чоршанбе дар бораи кадом парчам сухан мегӯяд. Мувофиқи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» кишвар соҳиби парчами ягона аст, ки дар саросари дунё ватани маҳбуби моро маҳз зери ҳамин парчам мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ҳеҷ як парчами дигаре бо унвони «парчами Бадахшон» ҳеҷ гоҳ набуд ва вуҷуд надорад. Ин «ҷавонмард» бо чунин шиорпартоӣ мехоҳад хусумати маҳаллиро миёни мардуми ваҳдатмеҳвар ҷой дода, аз худ «қаҳрамон» эҷод намояд.

Ҳамчунин, дар як навори дигар, Чоршанбе бо таҳқир муроҷиат намуда, мегӯяд, ки «Шумо тоҷикро дар ойина мебинед, ман помириам. Бо ҳарфҳои калон «помирӣ» ҳастам». Баъд аз дидани ин навор ҳар як инсони солимақл аллакай хулосаҳои худро дар бораи ин одам бароварда метавонад. Чоршанбе агар каме аз таъриху фарҳанг ва арзишҳо огоҳ мебуд, медонист, ки миллате дар ҷаҳон бо номи «помирӣ» ё «бадахшонӣ» вуҷуд надорад. Вақте мо «бадахшонӣ» мегӯем, ин нишондиҳандаи баромади минтақавии шахсро нишон медиҳад, на миллати алоҳидаро. Ба он шевае, ки мегӯем ин ё он шахс «суғдист» ё «хатлонӣ». Яъне ин нишондиҳандаи мансубият ё баромадӣ минтақавию маҳаллӣ буда, ба миллият ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Ҳамаи мардуми ин минтақаҳо дар саросари кишвар зери унвон ва чатри миллати тоҷик сарҷамъу муттаҳид мебошанд. Ин бадмаст ҳамин унсур ва ҳақиқати оддиро нодида гирифта, бо нашри бофтаҳои бардурӯғ ҳисси маҳалчигиро миёни аҳолии кишвар паҳн намуда истодааст. Магар ӯ дарк намекунад, ки маҳз чунин шиорпартоиҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари моро ба вартаи ҷанги бародаркӯш бурд. Маҳз чунин ҷавонони ноогоҳ буданд, ки душманони миллат аз онҳо истифода намуда, манфиатҳову бозиҳои иблисонаи худро болои ватани мо таҳмил намуданд. Мардуми мо бо чӣ қадар ҷоннисориҳо кишварро тавонистанд, ки дубора сулҳу ваҳдатро дар саросари давлат пойдор созанд.

Тавре маълум аст, Чоршанбе ба варзиш машғул буда, баъзе дастовардҳо дар ин самт низ дорад. Магар беҳтар набуд, ки Чоршанбе тамоми нерӯи худро ба пешбурди ин маҳорати худ сарф намуда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебурд. Номбардор ва ифтихори ҳамин сарзамин мегашт. Зеро миллати фарҳангсолор ва тамаддунбунёди тоҷик ҳамеша бо қаҳрамонони хеш ифтихор дорад ва хоҳад дошт. Магар беҳ набуд, ки Чоршанбе ифтихори ҳамин миллат мегашт. Аммо, баръакс, бо ин иқдомҳои худ, Чоршанбе ба тамоми дастовардҳои шахсии худ хат гузоштааст. Чунин нафарон ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нарасида, ҳам дар назди миллат ва ҳам дар назди таърих дар хиҷолат хоҳанд монд.

Мо боварӣ дорем, ки мардуми сарбаланди тоҷик аллакай аз таърих ва саргузашти худ сабақҳои зарурӣ бардошта, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи шиорҳои бардурӯғ ва даъватҳои иблисонаи чунин хоинон ва ноогоҳон нахоҳад гашт.

Мо фарзанди ҳамин сарзаминем.  Вазифаи ҳар яки мо ҳифзи ҳамин дастовардҳо, посдории ваҳдату ягонагӣ ва гиромидошти арзишҳост. Мо дар роҳи худ устуворем!!!

 

Холиқов Бахтиёр,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед