Рӯзи 7-уми сентябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо суханронии муқаддимавӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” ифтитоҳ намуда, чунин иброз дошт, ки дар тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ барои давлату миллати тоҷик қадами устувор дар рушди бонизоми кишвар арзёбӣ гашта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртаззоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Муртазоев Ораз дар мавзуи “Рушди иқтисоди миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ” суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор сохтани суботи сиёсӣ ва бунёди кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муассир донист. Таъкид гардид, ки маҳз бо хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола дар ҳаҷми 7,5 дарсад таъмин гашта, ҳаҷми ММД рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, агар дар соли 2000 ҳаҷми ММД 1 милларду 786,8 миллион сомониро ташкил медод, ин рақам дар соли 2022 ба 115 миллиард сомонӣ, яъне зиёда аз 64 маротиба афзудааст. Ҳамчунин қайд гардид, ки сатҳи камбизоатӣ низ аз 83 дарсади соли 1999-ум ба 22,5 дарсад дар соли 2022 паст гардид.
Дар идомаи конфронс сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Талбаков Саидаҳтам Исроилович дар мавзуи “Аҳаммияти байналмилалии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, Истиқлоли сиёсиро бузургтарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Таҳкими истиқлоли давлатиро манфиати ҳаётан муҳими мамлакат ва муҳимтарин рукни давлатдории миллии тоҷикон баён дошта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ махсусан муҳим қайд намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба ду нафар фаъолони узви ташкилоти ибтидоии «Стратег», барои саҳмгузорӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва фаъолияти пурсамар бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Мирзо – сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ ва Муртазоев Ораз – сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар охири ҳамоиши мазкур ба узви нави ҲХДТ муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Қадамова Манижа дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узвияти ҳизб супорида шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон